Нимаи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 18-сола бо пирӯзии дастаи Академияи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба поён расид.
Дар бозии охирини давраи дувуми мусобиқот, ки 14-уми август дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо гардид, дастаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон - «Орзу-2026» - тими «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Зуҳриддин Фузайлов дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 77-ум, ба самар расонд.
Зимнан, ин аввалин бохти “Истиқлол” ба шумор меравад. Футболбозони навраси Академияи футболи “Истиқлол”, ки дар 14 бозӣ 39 имтиёз гирифтанд, дар ҷадвали мусобиқот мақоми аввалро касб намуданд.
“Орзу-2026” бо 36 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифт. Дастаи РШВСМ-1 (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ)-и Душанбе бо 21 имтиёз дар зинаи севум ва “Равшан”-и Кӯлоб бо 18 имтиёз дар зинаи чорум ҷойгир шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мувофиқи дастури мусобиқот, дастаҳое, ки ҷойҳои аз якум то чорумро соҳиб шуданд, дар нимаи дувуми мусобиқот барои медалҳо дар ду давра мубориза мебаранд. Зимнан, имтиёзҳои дар ду давраи мусобиқот ба даст овардаи дастаҳо нигоҳ дошта мешавад. Дастае, ки имтиёзи бештар мегирад, ғолиби мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 18-сола мегардад.
Ба ин тартиб, дар нимаи дувуми мусобиқот дастаҳои «Истиқлол», «Орзу-2026», РШВСМ-1 ва «Равшан» барои медалҳо талош хоҳанд кард. Давраи севуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни наврасони зери 18-сола ба зудӣ шуруъ мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
14 |
13 |
0 |
1 |
50-11 |
39 |
2 |
«Орзу-2026» (Академияи футболи ФФТ) |
14 |
12 |
0 |
2 |
57-16 |
36 |
3 |
РШВСМ-1 (Душанбе) |
14 |
6 |
3 |
5 |
32-26 |
21 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
14 |
6 |
0 |
8 |
37-47 |
18 |
5 |
«Хатлон» (Бохтар) |
14 |
5 |
2 |
7 |
28-36 |
17 |
6 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
14 |
4 |
3 |
7 |
20-22 |
15 |
7 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
14 |
3 |
3 |
8 |
29-33 |
12 |
8 |
РШВСМ-2 (Душанбе) |
14 |
1 |
1 |
12 |
6-68 |
4 |
Нишонзанҳо: Файзиддин Каримов («Орзу-2026») – 12 тӯб, Умедҷон Рамазонов («Орзу-2026») – 10 тӯб, Абдузоҳид Каримов (РШВСМ-1) – 9 тӯб.
Охир у гуз набуд ки шамолаш бурда бошаду нопадид шавад.
Офарин РО ки ин масъаларо пайгири мекунед. Мутаассифона дар расонахои хукумати танхо мубориза бо ХНИТ рафта истодааст.
Эрон яке аз давлати Чанг хох дар чахон шинохта мешшавад дар кадом давлате ки эрон сахми хдша мегузора унчо ноором боки мемонад эрон мехост точикистони азизи морам ноором кунад вале ин нияти нопокша хукумати точикистон фахмид бахусус мухолифоне ки барои нахостани сулх дар точикистонан дасгири мекунанд
Салом хуб мешуд тахсилро дар ватани худ мекардан мо созандаи ватанем бояд дар ватани худ мехондан кучоо рафтан
Акбар Холиқзода дар Додрас кор мекардааст, барои хамин чавобаш доданд ва парванда накушоданд. агар ягон камбагали бечора бошад парвандааш дастгир нокарда алакай таёр. боз чанд чурми дига бадаи боздошт мебофанд.