Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Чин, Узбекистон ва Мянмар рақобат мекунад


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони зери 21-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 4-ум то 8-уми сентябр дар шаҳри Юннани Чин доир мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо иштироки дастаҳои мунтахаби ҷавонони чаҳор кишвар барпо мегардад, футболбозони ҷавони тоҷик бо ҳамсолонашон аз Чин, Узбекистон ва Мянмар рақобат мекунанд.

Барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (бозигарони соли таваллудашон 1997 ва хурдтар) иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин як давраи омодагии даста ба марҳалаи интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 ба шумор меравад, ки аз 18-ум то 26-уми марти соли оянда баргузор мешавад.

Зимнан, дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 омодагӣ мебинанд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни бозигарони зери 16-сола аз 20-уми сентябр то 7-уми октябри имсол дар Малайзия бо ширкати 16 даста барпо мегардад. Бар асоси қуръакашӣ футболбозони навраси тоҷик дар гурӯҳи “А” бо тимҳои мунтахаби наврасони Малайзия (20-уми сентябр), Ҷопон (23-юми сентябр) ва Тайланд (26-уми сентябр) рақобат мекунанд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонони зери 19-сола бошад, аз 18-уми октябр то 4-уми ноябри имсол дар Индонезия доир хоҳад шуд. Футболбозони ҷавони тоҷик дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Чин (20-уми октябр), Малайзия (23-юми октябр) ва Арабистони Саудӣ (26-уми октябр) вориди рақобат мешаванд.

XS
SM
MD
LG