Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳалаи севуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон -- кадом дастаҳо бо ҳам вомехӯранд?


Қуръакашии тақвими бозиҳои марҳалаи севуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 14-уми август дар қароргоҳи Федератсияи футболи кишвар доир шуд.

Бар асоси қуръакашӣ бозиҳои марҳалаи севуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 25-26-уми август бо бозиҳои даври 15-ум миёни дастаҳои «Хатлон» (Бохтар) – «Истиқлол» (Душанбе), «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - ССКА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Барқчӣ» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) шуруъ мешавад.

Мувофиқи ҷадвали Бергер дар марҳалаи севуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ҷуфтҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

Даври 15-ум: «Хатлон» – «Истиқлол», «Кӯктош» – ССКА «Помир», «Панҷшер» – «Хуҷанд», «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 16-ум: «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд» – «Барқчӣ», ССКА «Помир» – «Панҷшер», «Хатлон» – «Кӯктош»

Даври 17-ум: «Кӯктош» – «Истиқлол», «Панҷшер» – «Хатлон», «Барқчӣ» – ССКА «Помир», «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Даври 18-ум: «Истиқлол» – «Хуҷанд», ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ», «Хатлон» – «Барқчӣ», «Кӯктош» – «Панҷшер»

Даври 19-ум: «Панҷшер» – «Истиқлол», «Барқчӣ» – «Кӯктош», «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон», «Хуҷанд» – ССКА «Помир»

Даври 20-ум: «Истиқлол» – ССКА «Помир», «Хатлон» – «Хуҷанд», «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ», «Панҷшер» – «Барқчӣ»

Даври 21-ум: «Барқчӣ» – «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер», «Хуҷанд» – «Кӯктош», ССКА «Помир» – «Хатлон»

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тақвими комили бозиҳои марҳалаи севуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди тасдиқи он нашр хоҳад шуд.

Мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз се давра иборат аст. Ҳар як даста 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷагирии мавсим ҷойи охиринро мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки ҷойи ҳафтумро ишғол мекунад, дар охири мавсим барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, мусобиқоти соли гузашта бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Дастаи “Хуҷанд”, ки ҷойи дувумро касб намуд, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи ССКА “Помир” гардид.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон

Лигаи олӣ. Даври 15-ум

25 август (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

«Кӯктош» – ССКА «Помир»

26 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Панҷшер» – «Хуҷанд»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Рӯзи 23-юми август се бозии аввали чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2018 баргузор мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2018

1/4 финал

23 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Файзканд» – «Душанбе-83»

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд

XS
SM
MD
LG