Дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри имсол дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, ҳудуди 10 ҳазор варзишгари 45 кишвари қора барои 462 маҷмӯи медалҳо, аз он ҷумла 363 маҷмуъ оид ба намудҳои олимпии варзиш, рақобат мекунанд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 ба ин тараф бори ҳафтум иштирок мекунанд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия бештар аз 100 касро ташкил медиҳад, ки 80 нафарашон варзишгаранд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 15 намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ, таэквондо WTF, гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ ва бокс – ширкат меварзанд.
Мусобиқоти қитъавӣ дар пойтахти Индонезия – Ҷакарта - ва шаҳри Палембанг барпо мегардад. Дар ҳарду шаҳр деҳаҳои варзишгарон ҷойгир шудааст.
Мусобиқот дар Ҷакарта оид ба чунин намудҳо доир мешавад: варзиши сабук, бокс, ҷудо, гуштии озод ва юнониву румӣ, велосипедронӣ (трек, шоссе, маутинбайк), тӯббозӣ дар об (ватерполо), панҷҳарбаи муосир, таэквондо, шамшерзанӣ, каратэ, регби, шиноварӣ, ҳандбол, камонварӣ, гимнастикаи бадеӣ, варзиш бо заврақҳои бодбондор, чавгонбозӣ, қаиқронӣ (слалом), гимнастикаи варзишӣ, волейбол, голф, баскетбол, баскетбол 3х3, ҷаҳиш дар батут.
Дар Палембанг бошад, мусобиқот оид ба намудҳои зерин сурат мегирад: қаиқронии академӣ, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, тирпарронӣ, тирпарронӣ ба лаъличаҳо, триатлон, волейболи соҳилӣ, шухпаймоии варзишӣ, теннис.
То рӯзи ифтитоҳи расмии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки 18-уми август доир мешавад, рақобатҳои квалификатсионӣ ё интихобӣ оид ба футбол, ҳандбол, тӯббозӣ дар об ва баскетбол барпо мегардад.
Рӯзҳои 10-ум ва 12-уми август даврҳои муқаддамотии сабқати гурӯҳии дастаҳои мунтахаби мардона оид ба футбол доир шуд, ки бо чунин натиҷаҳо поён ёфт: Лаос – Ҳонконг – 1-3, Фаластин – Тайбэйи Чин – 0:0, Фаластин – Лаос – 2:1, Тайбэйи Чин – Индонезия – 0:4.
Рӯзи 13-уми август сабқати интихобии дастаҳои мардона оид ба ҳандбол (тӯби дастӣ) бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: Ҳиндустон – Тайбэйи Чин – 28-38, Ироқ – Баҳрайн – 24-30, Малайзия – Қатар – 11-64, Покистон – Кореяи Ҷанубӣ – 16-47, Ҳонконг – Индонезия – 40-17.
Имрӯз, 14-уми август, мусобиқоти даврҳои муқаддамотии квалификатсионӣ дар гурӯҳҳо оид ба баскетбол (5Х5) миёни мардон, ҳандбол миёни занон ва футбол байни мардон баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда 13-уми август барои ширкат дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ ба Индонезия сафар кард. Мусобиқаи футбол миёни занон 16-уми август дар шаҳри Палембанг оғоз меёбад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунад. Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонгконг ва Чин мебошанд. Футболбоззанони тоҷик 17-уми август бо Кореяи Шимолӣ, 20-уми август бо Чин ва 22-юми август бо Ҳонконг вориди рақобат мешаванд.
Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби занонаи Индонезии, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин ва Молдив, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Ветнам ва Тайланд дохиланд. Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 30-юми август барпо мегардад.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат хоҳанд кард. Умуман, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст.