Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон ба Индонезия сафар кард


Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон имрӯз, 13-уми август, барои ширкат дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, сафар кард.

Мусобиқаи футбол миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 16-уми август дар шаҳри Палембанг оғоз меёбад. 11 даста дар се гурӯҳ барои ҷоизаҳо талош мекунад. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби занонаи Индонезии, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин ва Молдив, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Ветнам ва Тайланд дохиланд.

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Ҳонгконг ва Чин мебошанд. Футболбоззанони тоҷик 17-уми август бо Кореяи Шимолӣ, 20-уми август бо Чин ва 22-юми август бо Ҳонконг рақобат мекунанд.

Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 30-юми август баргузор мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон 18 футболбоз дохил аст:

Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова («Зебонисо», Душанбе), Адолатхон Комилова («Хатлон», Бохтар), Шукронаи Азимзода («Барқи Норак», Норак);

Ҳимоятгарон: Шукрона Хоҷаева, Марҷона Файзуллоева (ҳарду – «Зебонисо», Душанбе), Шаҳноза Бобоева, Сахина Саидова (ҳарду – «Хатлон», Бохтар), Нодира Мирзоева («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Насиба Олимова («Барқи Норак», Норак);

Нимҳимоятгарон: Муниса Мирзоева («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Сайрамҷон Холназарова, Мавҷуда Сафарова (ҳарду – «Хатлон», Бохтар), Лайло Ҳалимова («Хатлон», Бохтар), Наталя Сотникова, Шукронаи Ҷумъахон («Ласточка», Душанбе).

Ҳамлагарон: Мадина Фозилова, Некӯбахт Худодова (ҳарду – «Зебонисо», Душанбе), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ», Турсунзода).

Сармураббӣ: Қаноат Латипов

Тақвими бозиҳои мусобиқаи дастаҳои мунтахаби занона дар гурӯҳи “В”

17-уми август. 16:30. Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон

20-уми август. 16:30. Тоҷикистон - Чин

22-юми август. 16:30. Ҳонгконг – Тоҷикистон

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе

Бахше аз онҳо ба бемористон

XS
SM
MD
LG