Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди ҳукумат бо Толибон барои шаҳри Ғазнӣ идома дорад


Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Ғазнӣ. 12 августи соли 2018
Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Ғазнӣ. 12 августи соли 2018

Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон бо ҷангиёни Толибон, ки чаҳор рӯз пеш ба Ғазнӣ ҳамла карданд, вориди набард шуданд. Сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон Наҷиб Дониш рӯзи 13 август гуфт, ки барои тоза кардани шаҳри Ғазнӣ - маркази маъмурии Вилояти Ғазнӣ аз Толибон, ба ин минтақа нерӯи бештар интиқол ёфт.

Толибон рӯзи 10 август аз чанд самт ба Ғазнӣ, ба ин шаҳри стратегии дорои 270 ҳазор аҳолӣ, ки Кобулро ба ҷануби Афғонистон пайванд мекунад, ҳамла карданд. Аз сабаби даргириҳо ва қатъ шудани мухобирот, тасдиқи хабарҳо аз он минтақа мушкил шудааст.

Ба гуфтаи як мақоми амниятӣ дар набардҳо дастикам 100 нафар кушта ва бисёриҳо захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ хисороти Толибон низ бисёр вазинин аст. Мақомоти шаҳр мегӯянд, бар асари даргириҳо 15 шаҳрванди мулкӣ кушта шуд ва 400 нафар захм бардошт.

XS
SM
MD
LG