Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия барои пешгирӣ аз уфти бештари лира иқдом мекунад


Уфти шадиди лираи туркӣ дар баробари доллар
Уфти шадиди лираи туркӣ дар баробари доллар

Ба думболи уфти шадиди пули милли Туркия -лира, Бонки миллии ин кишвар гуфт, ки барои эътидоли молӣ "аз чораҳои зарурӣ" кор мегирад. Дар як изҳорот, ки рӯзи 13 август пахш шуд, ин ниҳод қавл дод, ки бонкҳоро бо нақдина таъмин мекунад.

Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки як рӯз пеш вазири молияи Туркия Барот Албайрақ гуфт, ки ҳукумат барои рафъи нигарониҳо дар бозор, барномаи амал таҳия кардааст.

Дар пасманзари ин нигаронӣ, ки Туркия метавонад ба буҳронӣ иқтисодӣ гирифтор шавад, лираи туркӣ дар бозори Осиё дар баробари доллари амрикоӣ ба сатҳи рекордӣ сарозер шуд.

Бад шудани равобити Туркия бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба уфти лира суръат бахшид.

Рӯзи 10 август президенти ИМА Доналд Трамп таруфаи содироти фӯлод ва аллюминии Туркияро ду баробар афзун кард. Анкара ҳушдор дод, ки ин ҳаракати Амрикоро талофӣ хоҳад кард.

Ду кишвари узви НАТО дар як идда масоил, бо шумули барномаи Туркия барои харидории сохтори зиддимушакии Русия ихтилоф доранд.

Чанде пеш, Трамп аз Анкара талаб кард, ки роҳиби амрикоӣ Эндрю Брансонро, ки Туркия онро ба терроизм ва ҷосусӣ муттаҳам кардааст, озод кунад.

.

XS
SM
MD
LG