Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2018: Ҳашт даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт


Даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки 12-уми август ба поён расид, ҳашт дастаи ширкаткунандаи чорякфиналро маълум кард.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ ҳашт дастаи лигаи олӣ, ҳафт тими лигаи аввал ва як намояндаи лигаи дувум ширкат доштанд. «Локомотив-Помир»-и Душанбе бозии ҷавобии ҳаштякниҳоиро дар меҳмонӣ ба «Исфара»-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 1:2 бохт, вале бозии аввал, ки бо пирӯзии душанбегиҳо бо ҳисоби 4:2 анҷом ёфта буд, роҳиоҳанчиён ба чорякфинал баромаданд.

Замони асосии бозии ҷавобии 1/8 финалӣ миёни дастаҳои «Саройкамар» ва «Душанбе-83» бо пирӯзии мизбонон – футболбозони ноҳияи Панҷ - бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Бозии аввал бо ҳамин ҳисоб ба нафъи душанбегиҳо анҷомида буд. Барои муайян кардани ғолиб ду қисми 15-дақиқаӣ (овертайм) таъйин шуд. Голи дар замони изофӣ задашуда ба «Душанбе-83» пирӯзӣ овард.

«Барқчӣ»-и Ҳисор бозии ҷавобиро дар меҳмонӣ бо “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расонд. Азбаски дар бозии аввали хонагиаш «Барқчӣ» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омадааст, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

«Истиқлол»-и Душанбе, ки дар даври ҳаштякниҳоӣ аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби умумии 6:2 пирӯз шуд, ба чорякфинал баромад.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бозии ҷавобиро дар меҳмонӣ ба дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар ҳамин ҳол дар мусобиқаи лигаи аввал пешсаф аст, бо ҳисоби 1:2 бохт. Бозии аввал дар шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфта буд. Як голи дар меҳмонӣ задаи “Регар-ТадАЗ” ба футболбозони Турсунзода имкон дод, ки ба чорякфинал бароянд.

«Хатлон»-и Бохтар бозии ҷавобиро дар сафар бо дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расонд. Бозии аввал бо ҳисоби 0:0 хотима ёфта буд. Аз ҳисоби голе, ки дар меҳмонӣ зада шуд, “Хатлон” ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бар «Сомон»-и ноҳияи Данғара бо ҳисоби умумии 7:1 пирӯзӣ ба даст овард.

Натиҷаи ғайримунтазира дар рақобати дастаи лигаи дувум - «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ - бо тими лигаи олӣ - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - мушоҳида гардид. Ҳарду бозии ниманиҳоӣ миёни ин ду даста бо ҳисобҳои мусовӣ ба поён расид. Бозии ҷавобӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бидуни гол анҷомид. Бозии аввал дар ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:2 хотима ёфта буд. Бинобар ин, аз рӯи ду голи дар меҳмонӣ задашуда «Файзканд» ба ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ мушарраф шуд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натиҷагирии бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон панҷ дастаи лигаи олӣ - «Истиқлол», «Хатлон», «Регар-ТадАЗ», «Барқчӣ» ва «Хуҷанд», ду тими лигаи аввал – «Локомотив-Помир» ва «Душанбе-83», инчунин намояндаи лигаи дувум – «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки дар мусобиқаи вилояти Хатлон иштирок мекунад, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар чорякфинал «Истиқлол» бо «Локомотив-Помир», «Файзканд» бо «Душанбе-83», «Хатлон» бо «Регар-ТадАЗ» ва «Барқчӣ» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, барпо мегардад.

Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Ҷоми Тоҷикистон

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Исфара» – «Локомотив-Памир» – 2:1

Голҳо: Парвиз Деҳқонов, 11 (1:0). Хушбахт Назиров, 26 (2:0). Шарифбек Раҳматов, 28 – аз пеналтӣ (2:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Комрон Иброҳимов («Локомотив-Помир»).

Сардовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

30 июл. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 150 тамошобин.

Бозии аввал – 2:4.

«Саройкамар» – «Душанбе-83» – 3:2

Голҳо: Парвиз Ҳомидов, 14 – ба дарвозаи худ (1:0). Калеб Авуку, 86 (1:1). Мунис Расулов, 90+4 (2:1). Маҳмадрасул Одинаев, 105+1 (3:1). Калеб Авуку, 118 (3:2).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5 август. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 7000 тамошобин.

Бозии аввал – 1:2.

«Кӯктош» – «Барқчӣ» – 1:1

Голҳо: Ҳувайдои Гулмурод, 12 (0:1). Азизбек Султонов, 51 (1:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

11 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 2500 тамошобин.

Бозии аввал – 2:3

ССКА «Помир» – «Истиқлол» – 2:5

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 13 (1:0). Аҳтам Назаров, 15 – аз пеналтӣ (1:1). Шодибек Ғаффоров, 18 (2:1). Дилшод Восиев, 23 (2:2). Ҷаҳонгир Абдумуъминов, 59 (2:3). Нозим Бобоҷонов, 70 (2:4). Шериддин Бобоев, 90+1 (2:5).

Бозигари беҳтарини дидор: Аҳтам Назаров («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

Бозии аввал – 1:1.

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳҳор Қодиров, 57 (1:0). Муҳаммадалӣ Азизбоев, 79 (2:0). Ойбек Абдуғаффоров, 87 (2:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Қурбоналӣ Бобоев («Истаравшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

12 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 10 000 тамошобин.

Бозии аввал – 0:1.

«Ваҳдат» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Алишер Эргашев, 2 (1:0). Парвиз Охунов, 56 (1:1).

Бозигари беҳтарини дидор: Эраҷ Раҷабов («Хатлон»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

12 август. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 1200 тамошобин.

Бозии аввал – 0:0.

«Хуҷанд» – «Сомон» – 3:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 43 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 83 (3:0).

Бозигари беҳтарини дидор: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

12 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 1000 тамошобин.

Бозии аввал – 4:1.

«Файзканд» – «Панҷшер» – 0:0

Бозигари беҳтарини дидор: Маҳмуд Пиров («Файзканд»).

Садовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

12 август. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

Бозии аввал – 2:2.

Ҷуфтҳои 1/4 финалӣ

«Истиқлол» – «Локомотив-Помир»

«Файзканд» – «Душанбе-83»

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG