Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Зебонисо" - аввалин қаҳрамони Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи занона, ки барои аввалин бор баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Мусобиқот бо ширкати шаш даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқи Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – дар ду давра барпо гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тақдири медалҳои тилло дар бозии даври охирин, ки рӯзи чоршанбе, 8-уми август, миёни ду дастаи пешсаф – “Хатлон” ва “Зебонисо” – доир гашт, ҳал шуд.

Бозии давраи аввали мусобиқот миёни ин ду даста бо пирӯзии «Зебонисо» бо ҳисоби 1:0 хотима ёфта буд. Бинобар ин, “Зебонисо”-ро дар бозии ниҳоӣ натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекард. Ба дастаи «Хатлон» бошад, барои даст ёфтан ба унвони қаҳрамонӣ дар даври охирин танҳо пирӯзӣ бо фарқияти ду тӯб зарур буд.

Бозии ҳалкунанда, ки хеле пуршиддат гузашт, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 19-ум бозигари «Хатлон» Рафина Нормуродова боз кард, вале дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 65-ум, Некӯбахт Худододова ҳисобро баробар намуд.

Ба ин тартиб, “Зебонисо”, ки дар даҳ бозӣ 28 имтиёз гирифт, ғолиби аввалин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона гардида, бо медалҳои тилло мукофотонида шуд.

“Хатлон”-и Бохтар, ки 25 имтиёз ба даст овард, барои ҷойи дувум бо медаҳои нуқра сарфароз гашт. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки бо 18 имтиёз севум шуд, медалҳои биинҷиро азони худ намуд.

Кумитаи тадорукоти мусобиқот беҳтарин бозигаронро муайян кард, ки бо ҷоизаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Бо ҷоизаи беҳтарин дарвозабон Адолат Комилова аз дастаи «Хатлон» сарфароз гашт. Ҳамлагари «Хатлон» Лайло Ҳалимова, ки 16 тӯб задааст, ҷоизаи беҳтарин нишонзанро гирифт. Ҷоизаи беҳтарин бозигар ба ҳамлагари «Зебонисо» Мадина Фозилова супурда шуд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Зебонисо» (Душанбе)

10

9

1

0

43-2

28

2

«Хатлон» (Бохтар)

10

8

1

1

38-2

25

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

6

0

4

28-12

18

4

«Суғд» (Хуҷанд)

10

3

1

6

12-30

10

5

«Барқи Норак» (Норак)

10

1

2

7

10-30

5

6

«Равшан» (Кӯлоб)

10

0

1

9

3-58

1

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 16 тӯб, Мадина Фозилова («Зебонисо») – 13 тӯб, Некӯбахт Худододова («Зебонисо») – 11 тӯб.

XS
SM
MD
LG