Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати варзишгарони тоҷик, ки ба Бозиҳои осиёӣ ба Индонезия мераванд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ки аз 18-уми август то 2-юми сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дар вебсайти Радиои Озодӣ 1-уми август ҳайатҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба шаш намуд – футболи занона, варзиши сабук, гуштии кураш, самбо, шиноварӣ ва таэквондо WTF - нашр шуда буд.

Ҳоло бо ҳайатҳои дастаҳои Тоҷикистон оид ба гуштии озод ва юнониву румӣ, ҷудо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу, вазнабардорӣ ва қаиқронӣ ошно шавед.

ГУШТИИ ОЗОД ВА ЮНОНИВУ РУМӢ

Мусобиқа оид ба гуштии озод ва юнониву румӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 19-22-юми август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 12 дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва 6 дараҷаи вазнҳо миёни занон баргузор мешавад. Гуштигирони тоҷик дар 9 вазн миёни мардон ширкат меварзанд:

Ҳикматулло Воҳидов, 57 кг, гуштии озод
Абдулқосим Файзиев, 65 кг, гуштии озод
Гамид Ҷалилов, 74 кг, гуштии озод
Баҳодур Қодиров, 86 кг, гуштии озод
Искандари Рустам, 97 кг, гуштии озод
Фарҳод Анақулов, 125 кг, гуштии озод
Мубинҷон Аҳмадов, 67 кг, гуштии юнониву румӣ
Бахтовар Ҳасанов, 77 кг, гуштии юнониву румӣ
Суҳроҷ Азизов, 130 кг, гуштии юнониву румӣ

Мураббиён: Абдурозиқ Олимов ва Шодӣ Баҳромов

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ дар намуди гуштии озод ва юнониву румӣ 5 медал (3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Медалҳои нуқраро Лидия Карамчакова (вазни -48 кг, гуштии озод, Бусан-2002), Юсуф Абдусаломов (вазни -74 кг, гуштии озод, Бусан-2002), Зелимхон Юсупов (вазни -65 кг, гуштии озод, Инчон-2014), медалҳои биринҷиро бошад, Шамил Алиев (вазни -84 кг, гуштии озод, Бусан-2002) ва Муродҷон Тӯйчиев (вазни 120 кг, гуштии юнониву румӣ, Гуанжоу-2010) соҳиб шудаанд.

ҶУДО

Мусобиқа оид ба ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 29-31-уми август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 7 дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва 7 дараҷаи вазнҳо миёни занон барпо мегардад. Варзишгарони тоҷик дар 7 вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон иштирок мекунанд:

Мардон
Суҳроб Боқиев (-60кг)
Ёқубҷон Боқиев (-66кг)
Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг)
Акмал Муродов (-81кг)
Комроншоҳи Устопириён (-90кг)
Саидҷалол Саидов (-100кг)
Шакармамад Мирмамадов (+100кг)

Занон
Шоҳида Қаландарова (-57кг)

Сармураббӣ: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар намуди ҷудо 3 медали биринҷӣ гирифтааст. 2 медалро паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев (вазни -73 кг, Доҳа-2006, Гуанжоу-2010) ва як медалро Хайрулло Назриев (вазни -86 кг, Ҳиросима-1994) ба даст овардаанд.


КАМОНВАРӢ

Мусобиқа оид ба камонварӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 21-28-уми август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Дар ин намуд се варзишгари тоҷик ширкат меварзад:

Фирӯза Зубайдова
Зӯҳро Тағоева
Умедҷон Худоёров

ТИРАНДОЗӢ

Мусобиқа оид ба тирандозӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 18-26-уми август дар Палембанг барпо мегардад, ки Тоҷикистонро се варзишгар намояндагӣ мекунад:

Бежан Файзуллоев
Малика Лагутенко
Тоҷиддин Валиев


КАРАТЭ

Мусобиқа оид ба каратэ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 25-27-уми август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 6 дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва 6 дараҷаи вазнҳо миёни занон оид ба равияи кумитэ, ҳамчунин рақобатҳои инфиродӣ оид ба равияи ката баргузор мешавад.

Варзишгарони тоҷик дар се вазн миёни мардон ва дар як вазн миёни занон оид ба равияи кумитэ иштирок мекунанд:

Гулосори Суҳроб (-55кг)
Абдулваҳҳоб Шарапов (-60кг)
Раҷаббек Раҳимов (-67кг)
Ҷавоҳир Ҳайдаров (-84кг)

Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ дар намуди каратэ 2 медали биринҷӣ дорад. Ҳар ду медалро Исроил Исмоилзода (Ҳиросима-1994, Бусан-2002) ба даст овардааст. Исмоилзода феълан раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон мебошад.

ҶИУ-ҶИТСУ

Мусобиқа оид ба ҷиу-ҷитсу аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 24-26-уми август дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешавад. Варзишгарон дар намуди ҷиу-ҷитсу аз рӯи 6 вазн миёни мардон ва дар 2 вазн миёни занон аз рӯи равияи “Ню Ваза” рақобат мекунанд. Варзишгарони тоҷик дар се вазн миёни мардон иштирок менамоянд:

Шоимард Абдулназаров (-62кг)
Абдуманнон Раҳимов (-77кг)
Абдуғафур Абдуллоев (-85кг)

Мураббӣ - Алиҷон Давлатов

Бояд гуфт, ки ҷиу-ҷитсу мисли гуштии кураш ва самбо барои аввалин бор ба барномаи Бозиҳои осиёӣ ворид шудааст.

ВАЗНАБАРДОРӢ

Мусобиқа оид ба вазнабардорӣ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ рӯзҳои 20-27-уми август дар шаҳри Ҷакарта доир мешавад. Дар ин намуд рақобатҳо аз рӯи 8 дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва 7 дараҷаи вазнҳо миёни занон сурат мегирад. Тоҷикистонро Илҳомҷон Шукуров (-77кг) намояндагӣ мекунад.

ҚАИҚРОНӢ

Мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ аз 25-уми август то 1-уми сентябр дар шаҳри Палембанг баргузор мешавад. Варзишгарони тоҷик дар шаш навъи рақобатҳо миёни мардон ширкат меварзанд:

Шаҳриёр Даминов
Нурмуҳаммади Тоҳир
Зоҳирҷон Набиев
Саидаҳтамхон Назиров
Абдусаттор Ғафуров
Мустафо Даминов

Инчунин бо даъвати федератсияҳои байналмилалӣ ҳафт довари тоҷик мусобиқаҳоро аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҳакамӣ мекунанд:

довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров оид ба ҷудо,

довари дараҷаи байналмилалӣ Шариф Давлатов оид ба вазнабардорӣ,

довари дараҷаи байналмилалӣ Ҳабибулло Нарзуллоев оид ба гуштӣ,

доварони дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев ва Абдуқаҳҳор Қодиров оид ба самбо,

довари FIFA Насрулло Кабиров ва ёвари довари FIFA Акмал Буриев, ҳарду оид ба футбол.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 барои бори ҳафтум ширкат хоҳанд кард. Умуман, дар Бозиҳои бузургтарини қитъавӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 21 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гирифтааст.

Дар Бозиҳои XVII тобистонаи осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2014 дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, ҷудо, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, картэ-до, таэквондо WTF, вазнабардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 76 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гуштии озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо WTF байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни + 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни + 73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ оварданд.

XS
SM
MD
LG