Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии охиринаш дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал рӯзи 6-уми август дар Индонезия бар тими АГМК, қаҳрамони Узбекистон, бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои «Сипар»-ро Иқбол Воситзода ва Умед Қузиев ба самар расонданд.
Вале «Сипар», ки дар бозии пешин дар ин мусобиқот дар гурӯҳи “D” дар Индонезия 2-юми август аз тими «Мес Сунгун», қаҳрамони Эрон, бо ҳисоби 2:9 ва 4-уми август аз тими «Бонки Бейрут», қаҳрамони Лубнон, бо ҳисоби 2:11 шикаст хӯрда буд, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё маҳрум гашт.
Дар бозии дигари даври охирин дар гурӯҳи «D» тими «Мес Сунгун» бошгоҳи «Бонки Бейрут»-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ба ин тартиб, «Мес Сунгун» бо 9 имтиёз мақоми аввал ва «Бонки Бейрут» бо 6 имтиёз мақоми дувумро касб намуданд. Ҳарду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале «Сипар», ки бо 3 имтиёз севум шуд ва АГМК, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт, ба чорякфинал набаромаданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
«Мес Сунгун» (Эрон) – «Сипар» (Тоҷикистон) – 9:2
Голҳои «Сипар»: Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гулаков.
«Бонки Бейрут» (Лубнон) – АГМК (Узбекистон) – 4:1
Даври 2-юм
«Сипар» (Тоҷикистон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон) – 2:11
Голҳои «Сипар»: Шерзод Ҷумъаев, Умед Қузиев.
АГМК (Узбекистон) – «Мес Сунгун» (Эрон) – 1:9
Даври 3-юм
АГМК (Узбекистон) – «Сипар» (Тоҷикистон) – 1:2
Голҳо: Иқбол Воситзода, 27 (0:1). Умед Қузиев, 29 (0:2). Шарипов, 40 (1:2).
«Мес Сунгун» (Эрон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон) – 3:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Мес Сунгун» (Эрон) |
3 |
3 |
0 |
0 |
21-4 |
9 |
2 |
«Бонки Бейрут» (Лубнон) |
3 |
2 |
0 |
1 |
16-6 |
6 |
3 |
«Сипар» (Тоҷикистон) |
3 |
1 |
0 |
2 |
6-21 |
3 |
4 |
АГМК (Узбекистон) |
3 |
0 |
0 |
3 |
3-15 |
0 |