Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Истиқлол" ва "Хуҷанд" дар меҳмонӣ


Рӯзҳои 4-5-уми август бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ду бозӣ меҳмонон ва дар як бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. Як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

Муддаиёни аслии медалҳои тиллои мусобиқот - «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – дар меҳмонӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. «Истиқлол» дастаи мизбон - «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро Дилшод Восиев дар дақиқаи 31-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

«Хуҷанд» бошад, дар шаҳри Бохтар бар «Хатлон» бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳисобро дар нимаи аввали дидор нимҳимоятгари мизбонон Кароматулло Саидов боз кард. Ва аммо хуҷандиҳо дар нимаи дувуми бозӣ ду гол зада, бозиро ба нафъи худ анҷом доданд. Дар дақиқаи 56-ум легионери узбекистонии «Хуҷанд» Обидҷон Ҳакимов ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро дар дақиқаи изофии 90+5 капитани меҳмонон Манучеҳр Аҳмадов зад.

«Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Се имтиёзро ба мизбонон голи ягонаи Бахтиёр Қаландаров (дар дақиқаи 82-юм) овард.

Бозии ССКА «Помир»-и Душанбе бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол ба поён расид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври сездаҳум дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон, бо 32 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. «Хуҷанд», ки ду имтиёз камтар гирифтааст, дар ҷойи дувум мебошад. «Кӯктош» ва ССКА «Помир» бо 18-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чорум қарор доранд.

Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 18-19-уми август доир мешаванд: «Кӯктош» – «Панҷшер», «Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ», «Хуҷанд» – ССКА «Помир» ва «Истиқлол» – «Хатлон».

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош» – 1:0

Гол: Бахтиёр Қаландаров, 82.

Аз майдон хориҷ шуд: Абдусамад Ҳоҷибаев («Регар-ТадАЗ»), 90+1 – барои бо даст ба рӯи ҳариф задан.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

4 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Панҷшер» – 0:0

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

4 август. Ноҳияи Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1000 тамошобин.

«Хатлон» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Кароматулло Саидов, 13 (1:0). Обидҷон Ҳакимов, 56 (1:1). Манучеҳр Аҳмадов, 90+5 (1:2).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

5 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1500 тамошобин.

«Барқчӣ» – «Истиқлол» – 0:1

Гол: Дилшод Восиев, 31 – аз пеналтӣ.

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

5 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 250 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

10

2

1

24-12

32

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

9

3

1

27-13

30

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

13

5

3

5

15-18

18

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

13

4

6

3

16-17

18

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

4

4

5

17-16

16

6

«Хатлон» (Бохтар)

13

4

2

7

15-18

14

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

13

2

5

6

8-16

11

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

13

1

1

11

6-18

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 7 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ»), Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 5-тӯбӣ.

Даври 14-ум

18-уми август (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Кӯктош» – «Панҷшер»

«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ»

19-уми август (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

«Истиқлол» – «Хатлон»

XS
SM
MD
LG