Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии дувумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал дар Индонезия аз тими «Бонки Бейрут», қаҳрамони Лубнон, бо ҳисоби 2:11 шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, «Сипар» дар нахустин бозиаш низ дар ин мусобиқот дар гурӯҳи “D” рӯзи 2-юми август дар Индонезия аз тими «Мес Сунгун», қаҳрамони Эрон, бо ҳисоби 2:9 мағлуб шуда буд. Ба ин тартиб, баъди бохти дувум “Сипар” аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё маҳрум гашт.
“Сипар” дар даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “D” имрӯз, 6-уми август, бо дастаи АГМК (Узбекистон) рақобат мекунад. Футзалистони Узбекистон низ ба мисли хуҷандиҳо дар ҳарду бозӣ ноком шудаанд.
Дастаҳои «Мес Сунгун» ва «Бонки Бейрут», ки бо шашимтиёзӣ дар гурӯҳи “D” пешсафанд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии даври охирин миёни ин ду даста ғолиби гурӯҳ маълум хоҳад шуд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё-2018
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
«Мес Сунгун» (Эрон) – «Сипар» (Тоҷикистон) – 9:2
Голҳои «Сипар»: Рустам Ҳамидов, Собирҷон Гулаков.
«Бонки Бейрут» (Лубнон) – АГМК (Узбекистон) – 4:1
Даври 2-юм
«Сипар» (Тоҷикистон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон) – 2:11
Голҳои «Сипар»: Шерзод Ҷумъаев, Умед Қузиев.
АГМК (Узбекистон) – «Мес Сунгун» (Эрон) – 1:9
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Мес Сунгун» (Эрон) |
2 |
2 |
0 |
0 |
18-3 |
6 |
2 |
«Бонки Бейрут» (Лубнон) |
2 |
2 |
0 |
0 |
15-3 |
6 |
3 |
АГМК (Узбекистон) |
2 |
0 |
0 |
2 |
2-13 |
0 |
4 |
«Сипар» (Тоҷикистон) |
2 |
2 |
0 |
2 |
4-20 |
0 |
Даври 3-юм
6-уми август (душанбе)
АГМК (Узбекистон) – «Сипар» (Тоҷикистон)
«Мес Сунгун» (Эрон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон)
Дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2018 оид ба футзал, ки дар Индонезия то рӯзи 12-уми август идома меёбад, 16 даста дар чаҳор гурӯҳ рақобат дорад:
Гурӯҳи «А»: «Вамос» (Индонезия), «Нагоя Оушенс» (Ҷопон), «Далян Юан» (Чин), «Виктория Университет» (Мянмар).
Гурӯҳи «В»: «Тай Сон Нам» (Ветнам), «Ал-Дафра» (Имороти Муттаҳидаи Араб), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ), «Jeonju MAG» (Кореяи Ҷанубӣ).
Гурӯҳи «С»: «Чонбури Блувейв» (Тайланд), «Ал-Саилия» (Қатар), «Ерем» (Қирғизистон), «Вик Вайперс» (Австралия).
Гурӯҳи «D»: «Мес Сунгун» (Эрон), «Бонки Бейрут» (Лубнон), АГМК (Узбекистон), «Сипар» (Тоҷикистон).
Баъди натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин муборизаро дар даври чорякниҳоӣ идома медиҳанд. Баъдан бозиҳо аз рӯи системи олимпӣ баргузор мешаванд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти се гурӯҳи дигар чунин аст:
Гурӯҳи «А»
Ҷ |
Дастаҳо |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Нагоя Оушенс» (Ҷопон) |
2 |
2 |
0 |
0 |
10-1 |
6 |
2 |
«Вамос Матарам» (Индонезия) |
2 |
1 |
1 |
0 |
11-4 |
4 |
3 |
«Далян Юан» (Чин) |
2 |
0 |
1 |
1 |
4-9 |
1 |
4 |
«Виктория Университет» (Мянмар) |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-12 |
0 |
Даври 3-юм
5-уми август (якшанбе)
«Вамос Матарам» (Индонезия) – «Нагоя Оушенс» (Ҷопон)
«Далян Юан» (Чин) – «Виктория Университет» (Мянмар)
Гурӯҳи «В»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ал-Дафра» (Иморот) |
2 |
1 |
1 |
0 |
10-3 |
4 |
2 |
«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) |
2 |
1 |
1 |
0 |
5-4 |
4 |
3 |
«Тай Сон Нам» (Ветнам) |
2 |
1 |
0 |
1 |
13-5 |
3 |
4 |
«Чонҷу МАГ» (Кореяи Ҷанубӣ) |
2 |
0 |
0 |
2 |
3-19 |
0 |
Даври 3-юм
5-уми август (якшанбе)
«Тай Сон Нам» (Ветнам) – «Ал-Дафра» (Иморот)
«Нафт Ал-Васат» (Ироқ) – «Чонҷу МАГ» (Кореяи Ҷанубӣ)
Гурӯҳи«С»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Чонбури Блувейв» (Тайланд) |
2 |
2 |
0 |
0 |
14-3 |
6 |
2 |
«Ерем» (Қирғизистон) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-6 |
3 |
3 |
«Ал-Саилия» (Қатар) |
2 |
1 |
0 |
1 |
5-6 |
3 |
4 |
«Вик Вайперс» (Австралия) |
2 |
0 |
0 |
2 |
4-13 |
0 |
Даври 3-юм
6-уми август (душанбе)
«Чонбури Блувейв» (Тайланд) – «Ал-Саилия» (Қатар)
«Ерем» (Қирғизистон) – «Вик Вайперс» (Австралия)
сурогаи хамин дар кучост да кадом шахр аст ба морои кунед.
Душанбе
Салом бар ҳамаи азизон. Ман ба ин назароти ки гуфтанд кор надорам фақат суолам ин аст ки давлати Тоҷикистон ки таҳсил дар Эронро ҷурм элон мекунад ва донишҷӯёнро зиндоние мекунад ва хонаводаҳояшон ро озору азият мекунад ба чихотир аст оё донишҷӯёни ки да Эрон хонданд дар Тоҷикистон хилофи кардан ҷинояти анҷом доданд? Шумо агар инҳо ки таҳсилкарда ҳастанд зиндон карден ва мегуен терористанд додгоҳояшонро ошкор кунед та мардум корҳои шуморо бубинанд ва мардум қазоват кунанд ки ин коре ки онҳо анҷом доданд ҷурм аст. Бандаҳои Худо фақат дарс хонданд ки ба милати худашон хизмат кунанд мардуми беҷораи мо аз дасти ин ҳукуматдоро ва ҷиноятҳое ки ба сари милат миёранд мардуми бечора бесвод манд ва ғарибу бехонаву дар гаштанд. Ҳукумат рози нест ки чанд нафар дарс бихонад ва биёед бигӯяд ки ин ҳукумате ки худашро мусалмон медонад тамоми корҳояш хилофи дини ислом аст инро намехоҳад ки мардум аз ҳақиқат бохабар шаванд. Иншоаллоҳ Худованд худаш ба ҳақи ин моҳҳои бузург зиндониёни бегуноҳро аз дасти ин золимон наҷот бидиҳад ва золимонро нобуд кунад
Ту беватан боши айби ким? Мо ВАТАН дорем!!!
Джамилбой кабл аз он ки чизе нависи камтар аз таьрих ва фарханги форси забонон огох шав таьриху фарханг факат арузу кофия нест. Хидмати форси забон онон ки ба дини мубини ислом карданд камтар аз арабхо нест. Андеша хам хуб чизест. Кабл аз ин арабро бишноси худатро бишнос.