Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи занони футболбози тоҷик барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020


Рақибони дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар марҳилаи аввали интихобии мусобиқоти Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 маълум шуданд.

Бар асоси қуръакашии марҳилаи аввали интихобии мусобиқоти футболи занона аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, ки 2-юми август дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) - шаҳри Куала-Лумпури Малайзия – барпо гардил, 18 дастаи мунтахаб ба чор гурӯҳ тақсим шудааст.

Дастаи мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои мунтахаби Тайбейи Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 4-ум то 13-уми ноябри имсол баргузор мешавад. Вале макони баргузории мусобиқа ҳоло муайян нашудааст.

Марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи дастаҳои мунтахаби занона дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 аз се давра иборат аст. Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал ғолибон ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарини ҷойҳои севум ба марҳилаи дувум роҳхат мегиранд ва ба дастаҳои Ветнам ва Узбекистон мепайванданд.

Баъдан дар марҳилаи дувум, ки моҳи апрели соли оянда доир мегардад, 12 дастаи мунтахаб ба се гурӯҳи чордастаӣ тақсим мешаванд. Ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи севум роҳ меёбанд.

Дастаҳои мунтахаби занонаи Австралия, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Тайланд ба мубориза аз марҳилаи севум шуруъ мекунанд. Мусобиқоти марҳилаи ҳалкунандаи интихобӣ моҳҳои январ ё феврали соли 2020 баргузор мешавад.

Дар марҳилаи севум ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ташкил мешавад. Аз рӯи натоиҷи бозиҳои гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба плей-офф мебароянд. Ғолибони даври плей-офф қораи Осиёро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 намояндагӣ хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби занонаи Ҷопон, ки ҳамчун мизбон ҳуқуқи дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 иштирок карданро пайдо кардааст, дар марҳилаҳои интихобии осиёӣ ширкат намеварзад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи аввали интихобии мусобиқоти дастаҳои футболи занона дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020:

Гурӯҳи «А»: Тайбейи Чин, Филиппин, Сингапур, Тоҷикистон, Муғулистон.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Ҳонгконг, Имороти Муттаҳидаи Араб, Макао, Лубнон.
Гурӯҳи «С»: Мянмар, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш.
Гурӯҳи «D»: Урдун, Индонезия, Фаластин, Молдив.

XS
SM
MD
LG