Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигорони кушташуда тиллои "ошпази Путин"-ро меҷустанд


Орхан Ҷамол, Александ Расторгуев, ва Кирилл Радченко
Орхан Ҷамол, Александ Расторгуев, ва Кирилл Радченко

Рӯзноманигорони рус, ки дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ кушта шуданд, мехостанд, конҳои тиллои ширкати марбут ба "ошпази Путин" Евгений Пригожинро пайдо кунанд.

Миёнаҳои моҳи июл нашрияи Africa Intelligence хабар дод, ки Русия дар бораи коркарди конҳои тиллои Ндассима бо ҳукумати Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба созиш расид. Яке аз шартҳои дастрасии Русия ба конҳои тилло ба тартиб овардани авзо дар минтақа буд. Муҷаввизи коркарди конҳоро ширкати Lobaye Invest ба даст овард, ки ба гуфтаи нашрия онро ширкати русии "М-Инвест" таъсис додааст. Гуфта мешавад, ки "М-Инвест" ба сармоягузори "ЧВК Вагнер"- Евгений Пригожин марбут аст.

Ба гуфтаи нашрияи Africa Intelligencе, ҷангиёни ширкати хусусии низомии "ЧВК Вагнер" барои Lobaye Invest кор мекунанд ва масъулияти интиқоли бор ва муофизати таҷҳизотеро бар дӯш дорад, ки дар коркарди тилло истифода мешавад.

Орхан Ҷамол, Александр Расторгуев ва Кирилл Радченко рӯзи 30 июл кушта шуданд. Ба гуфтаи маркази идораи таҳқиқотҳо, ки журналистҳо барои он кор мекарданд, он рӯз қарор буд рӯзноманигорон бо корманди сохтори СММ мулоқот карда, дар бораи инструкторҳои низомии Русия маълумот бигиранд ва конҳоро ба навор бардоранд.

Шароити қатли онҳо ва ҳуввияти ҳамлагарон номуайян мондааст.

XS
SM
MD
LG