Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати ду довари футбол аз Тоҷикистон ба Бозиҳои осиёӣ дар Индонезия


Акс аз бойгонӣ.

Насрулло Кабиров ва Акмал Бӯриев, доварони футбол аз Тоҷикистон, ба рӯйхати ҳакамони мусобиқоти дастаҳои мунтахаби мардона дар Бозиҳои XVIII тобистонаи олимпӣ дар Индонезия, ки онро Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) эълон намудааст, дохил шудаанд.

Довари FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) Насрулло Кабирови 33-сола аз шаҳри Норак дар бозиҳои ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ ба ҳайси сардовар хидмат менамояд. Дар бозиҳо ба ӯ ҳамватанаш, ёвари довари FIFA Акмал Бӯриеви 32-сола аз шаҳри Турсунзода кӯмак хоҳад кард.

Мусобиқоти дастаҳои футболи мардона аз рӯи барномаи Бозиҳои тобистонаи осиёии соли 2018 аз 10-уми август то 1-уми сентябр дар чаҳор шаҳри Индонезия – Сореанг, Сибинонг, Бекаси ва Чикаранг – баргузор мешавад. Барои медалҳо 26 дастаи мунтахаб, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудааст, мубориза мебарад. Вале мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи дастаҳои мардона ширкат намеварзад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дастаи мунтахаби футболи занонаи кишвар иштирок мекунад. Ба ҳайати даста 18 футболбоз дохил аст: 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар:

дарвозабонҳо: Сайёра Саидова («Зебонисо», Душанбе), Адолатхон Комилова («Хатлон», Бохтар), Шукронаи Азимзода («Барқи Норак», Норак);

ҳимоятгарон: Шукрона Хоҷаева, Марҷона Файзуллоева (ҳарду – «Зебонисо», Душанбе), Шаҳноза Бобоева, Сахина Саидова (ҳарду – «Хатлон», Бохтар), Нодира Мирзоева («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Насиба Олимова («Барқи Норак», Норак);

нимҳимоятгарон: Муниса Мирзоева («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Сайрамҷон Холназарова, Мавҷуда Сафарова (ҳарду – «Хатлон», Бохтар), Лайло Ҳалимова («Хатлон», Бохтар), Наталя Сотникова, Шукронаи Ҷумъахон («Ласточка», Душанбе) ;

ҳамлагарон: Мадина Фозилова, Некӯбахт Худододова (ҳарду – «Зебонисо», Душанбе), Зулайхо Сафарова («Регар-ТадАЗ», Турсунзода).

Сармураббӣ: Қаноат Латипов

Дар мусобиқот миёни дастаҳои футболи занона аз рӯи барномаи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ 11 даста дар се гурӯҳ барои медалҳо мубориза мебарад. Ба гурӯҳи “А” Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Тайбэйи Чин ва Молдив, ба гурӯҳи “В” Кореяи Шимолӣ, Тоҷикистон, Ҳонгконг ва Чин, ба гурӯҳи “С” Ҷопон, Ветнам ва Тайланд дохиланд.

Аз гурӯҳҳои “А” ва “В” седастаӣ ва аз гурӯҳи “С” ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 30-юми август баргузор мешавад.

Тақвими бозиҳои дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “В”

Даври 1-ум. 17-уми август (ҷумъа). Кореяи Шимолӣ – Тоҷикистон

Даври 2-юм. 20-уми август (душанбе). Тоҷикистон - Чин

Даври 3-юм. 22-юми август (чоршанбе). Ҳонгконг – Тоҷикистон

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG