Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯзноманигори Русия дар Африқои Марказӣ кушта шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Се рӯзноманигори Русия - Орхан Ҷамол, наворбардор Кирилл Радченко ва коргардон Александр Роторгуев, ки дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ барои тарҳи ширкати хусусии низомии "Вагнер" филми мустанад омода мекарданд, ба ҳалокат расиданд. Ин хабарро ду манбаъ рӯзи 31 июл ба шабакаи телевизионии "Дождь" тасдиқ кард. Ба гуфтаи яке аз ҳамсуҳбатҳои шабака, ҳалокати ин гуруҳро миссияи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва кормандони маҳаллӣ тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи яке аз манбаҳо, шаҳрвандони Русияро дар яке аз постгоҳҳо манъ карданд. Онҳо аз пойтахти ҷумҳурӣ -Банги ба сӯи шаҳри дигар равона буданд. Маълум нест, ки бо рӯзноманигорон чӣ воқеа рух додааст. Ҷасадҳои онҳо шиносоӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG