Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду роҳхати варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи наврасон


Варзишгарони тоҷик Бежан Файзуллоев дар риштаи тирандозӣ ва Сулаймони Ҷамшед дар намуди ҷудо соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос-Айреси Аргентина гардиданд.

Федератсиони байналмилалии тирандозӣ (ISSF) варзишгаронеро муайян кард, ки ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи наврасон мушарраф шудаанд. Ба қатори онҳо, инчунин варзишгари тоҷик Бежан Файзуллоев дохил аст.

Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон, ки соли гузашта дар Вакои Ҷопон доир шуд, дар тирандозӣ аз таппончаи пневматикӣ ба масофаи 10 метр аз 600 имтиёзи имконпазир 548 имтиёз ба даст овард. Ин натиҷа ба Бежан имкон дод, ки меъёри муқарраршударо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи наврасон иҷро намояд.

Инчунин Сулаймони Ҷамшед дар намуди ҷудо дар вазни зери 66 килограмм соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи наврасон гардид. Дар ин бора дар як номаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) ба унвонии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр шудааст.

Сулаймони Ҷамшед, ки дар Қазоқистон бо раҳбарии мураббӣ Ҳамзаалӣ Раҳматов тамрин мекунад, дар мусобиқоти байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ӯ имсол дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Тошканд, Иссиқкӯл ва Макао бо медалҳои тилло мукофотонида шудааст. Сулаймон барандаи медали нуқраи мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Бейрути Лубнон мебошад.

Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон аз 6-ум то 18-уми октябри имсол дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина аз рӯи 38 намуди варзиш баргузор мешавад. Ба барномаи Бозиҳои III нисбат ба Олимпиадаи соли 2014 дар Нанҷинги Чин намудҳои нави варзиш: акробатика, шухпаймоӣ, каратэ ва брейк-данс дохил шудааст. Ба ҷуз ин, бокси занона, навъҳои нав дар қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ илова шудаанд. Футбол ва ҳандболи классикиро футзал ва ҳандболи соҳилӣ иваз менамоянд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2010 дар Сингапур доир шуд, ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни зери 63 кило бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до WTF дар сабқати духтарон дар вазни зери 44 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

Вале варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Нанҷинги Чин баргузор шуд, бе медал баргаштанд.

XS
SM
MD
LG