Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқоти CAFA севум шуданд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Дар ин мусобиқот, ки аз 22-юм то 30-юми июл дар шаҳри Тошканд доир шуд, дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони навраси кишвар дар бозии охиринашон аз тими Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрданд. Дар ин бозӣ, ки 30-юми июл дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду голро Ориф Асғарикибриё ва яктоашро Меҳрон Нафарӣ ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври панҷум тими мунтахаби наврасони Қирғизистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 4:0 ғолиб шуд. Бизӣ миёни дастаҳои Узбекистон ва Афғонистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони 15-сола таркиб ёфтааст, бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, вале дар бозии дувумаш аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Футболбозони навраси тоҷик дар ду бозии минбаъда бар дастаҳои Туркманистон ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 2:0 пирӯз шуданд. Бозии охиринашон бо тими Эрон бо ҳисоби 0:3 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии мусобиқот дар ҷадвал тими мунтахаби наврасони Эрон, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шуд, бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Узбекистон бо 10 имтиёз дувум шуд. Тими Тоҷикистон бо 9 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Тими Афғонистон бо 7 имтиёз дар зинаи чорум ҷойгир шуд. Дастаи Қирғизистон бо 3 имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кард. Вале дастаи Туркманистон бидуни имтиёз зинаи охиринро соҳиб гашт.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ва пӯшидашавии мусобиқот, ки 30-юми июл дар Варзишгоҳи миллии Тошканд барпо гардид, ба дастаи ғолиб – Эрон, тимҳои Узбекистону Тоҷикистон, инчунин ба бозигарони беҳтарини мусобиқот медалҳову ҷоизаҳо супурда шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Эрон – 0:3

Голҳо: Меҳрон Нафарӣ, 31 (0:1). Ориф Асғарикибриё, 63 (0:2). Ориф Асғарикибриё, 67 (0:3).

Тоҷикистон: Фирӯз Назаров (Ҳакимҷон Ҳалимзода, 36), Суҳроб Сафаров, Меҳрубони Абдурауф, Фирдавси Олимзода (Содиқҷон Қурбонов, 67), Саидисроил Саидов (Сабзалӣ Ҳамроев, 51), Муиб Саидов, Муҳаммад Аҳмадов, Алиҷон Содатсайров, Меҳроб Асоев, Салоҳиддин Эргашев, Давлатбек Акрамов (Некрӯз Тӯйчиев, 54).

Огоҳӣ: Ёдгор Рустамӣ (Эрон).

Аз майдон хориҷ шуд: Салоҳиддин Эргашев (Тоҷикистон), 70+2 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Қиёмиддин Пириев (Қирғизистон).

30 июл. Тошканд. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт.

Узбакистон – Афғонистон – 0:0

Туркманистон – Қирғизистон – 0:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

5

5

0

0

12-0

15

2

Узбекистон

5

3

1

1

9-2

10

3

Тоҷикистон

5

3

0

2

7-6

9

4

Афғонистон

5

2

1

2

5-5

7

5

Қирғизистон

5

1

0

4

5-8

3

6

Туркманистон

5

0

0

5

1-18

0

XS
SM
MD
LG