Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои бозиҳои даври 12-уми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси тобистона, ки якуним моҳ идома кард, рӯзҳои 28-29-уми июл бо бозиҳои даври дувоздаҳум аз сар гирифта шуд.

Ду бозии даври дувоздаҳум рӯзи шанбе барпо гардид. «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бозиро бо дастаи меҳмон - «Хатлон»-и шаҳри Бохтар - бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расонд.

Ду бозии дигари даври дувоздаҳум рӯзи якшанбе доир шуд. «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”, ки дар 12 бозӣ 29 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. “Хуҷанд” бо 27 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. «Кӯктош» бо 18 имтиёз ба зинаи севум баромад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 12-ум

«Кӯктош» – ССКА «Помир» – 2:1
Гол
ҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 2 (1:0). Доробҷон Эргашев, 31 (1:1). Муҳиддин Одилов, 48 (2:1).

Огоҳӣ: Одил Бобоназаров, Принс Артур, Идан Окран («Кӯктош»), Комрони Мирзохон, Парвиз Қашқаров, Фирӯз Қараев (ССКА «Помир»).
Бозигари беҳтарини дидор: Нодирбек Иброҳимов («Кӯктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

28 июл. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 3000 тамошобин.

«Панҷшер» – «Хатлон» – 1:1
Гол
ҳо: Наимҷон Иброҳимзода, 48 (0:1). Алишери Ҳотам, 90 (1:1).

Огоҳӣ: Алишери Ҳотам, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Равшан Азизов, Мунир Давлатбеков («Панҷшер»), Алишер Баротов, Далер Шомуродов («Хатлон»).

Бозигари беҳтарини дидор: Кароматулло Саидов («Хатлон»).

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

28 июл. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 3200 тамошобин.

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 3:1

Голҳо: Хуршед Бекназаров, 25 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 50 – аз пеналтӣ (2:0). Далер Ёдгоров, 75 (2:1). Вусал Магеррамов, 90+2 (3:1).

Огоҳӣ: Дилшод Каримов («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов («Барқчӣ»).

Бозигари беҳтарини дидор: Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

29 июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 6500 тамошобин

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:2

Голҳо: Дилшод Восиев, 77 (0:1). Сиёвуш Асроров, 83 – ба дарвозаи худ (1:1). Шериддин Бобоев, 87 (1:2).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»), 16 – хато зад.

Огоҳӣ: Шерзод Маҳмадиев, Наврӯз Рустамов, Муслимбек Зайниддинов («Регар-ТадАЗ»), Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Бозигари беҳтарини дидор: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

29 июл. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

12

9

2

1

23-12

29

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

8

3

1

25-12

27

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

12

5

3

4

15-17

18

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

12

4

5

3

16-17

17

5

«Хатлон» (Бохтар)

12

4

2

6

14-16

14

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

3

4

5

16-16

13

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

12

2

4

6

8-16

10

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

12

1

1

10

6-17

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 7 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон»), Шериддин Бобоев, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол») – 5-тӯбӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ») – 4-тӯбӣ.

Даври 13-ум

4 август (шанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Кӯктош»

ССКА «Помир» – «Панҷшер»

5 август (якшанбе)

«Барқчӣ» – «Истиқлол»

«Хатлон» – «Хуҷанд

Оғози бозиҳосоати 17:30

XS
SM
MD
LG