Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ ва ду паҳлавони дигар аз Хорватия бе медал бармегарданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 27-29-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд.

Ба иттилои вебсайти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) дар ин мусобиқа 507 варзишгар (325 марду 182 зан) аз 78 кишвар иштирок дошт.

Дар Гран-прии ҷудо дар Загреб се варзишгари тоҷик - Акмал Муродов, Кароматулло Ҳакимов ва Комроншоҳи Устопириён дар сабқати мардон ширкат варзиданд.

Акмал Муродов ва Кароматулло Ҳакимов рӯзи шанбеи 28-уми июл дар рақобатҳо дар вазни зери 81 килограмм, ки ҳамагӣ 53 гуштигир ширкат дошт, рақобат карданд. Акмал дар нахустин қувваозмоияш аз паҳлавони Узбекистон Шарофиддин Болтабоев шикаст хӯрд. Кароматулло, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Тамази Киракозашвили аз Гурҷистон мағлуб гашт.

Комроншоҳи Устопириён бошад, рӯзи якшанбе, 29-уми июл, дар вазни зери 90 килограмм, ки ҳамагӣ 56 гуштигир иштирок кард, вориди рақобат шуд. Ӯ, ки ба сабқат аз даври дувум шуруъ кард, қувваозмоиро ба рақибаш Батуҳан Ефемгил аз Туркия бохт.

Батуҳан дар ҳамин ҳол дар феҳрасти Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) бо 515 имтиёз дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 килограмм мақоми 63-юмро касб намудааст. Ӯ имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Аврупо мақоми ҳафтумро ишғол кардааст.

Комроншоҳ бошад, феълан дар феҳрасти ҷаҳонии ҷудо дар вазни худ бо 3151 имтиёз дар мақоми шашум қарор дорад. Ӯ моҳи апрели имсол дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Grand-Prix Antalya 2018”) дар шаҳри Анталияи Туркия дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило медали тилло ба даст овардааст. Рақиби ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017 Неманя Маҷдов аз Сербия буд. Қувваозмоии ҳалкунанда бо пирӯзии паҳлавони тоҷик хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки Гран-прии ҷудо дар Загреб пас аз Гран-прии ҷудо дар шаҳри Хух-Хотои Чин, ки моҳи майи имсол доир шуд, дувумин давраи интихобии олимпӣ ба шумор меравад. Барои медали тилло 700 имтиёз, барои нишони нуқра 490 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 300 имтиёз дар рейтинг дода шуд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар Загреби Хорватия, 27-29-уми июл

Мардон
60 кг
1. ТАКАТО Наохиша (Ҷопон)
2. ДИАЗ Адонис (ИМА)
3. МАКЕНЗИ Элей (Британияи Кабир)
3. ПУЛКРАБЕК Давид (Ҷумҳурии Чех)

66 кг
1. ФЛИКЕР Тал (Исроил)
2. ЗАНТАРАЯ Георгий (Украина)
3. АБЕ Хифуми (Ҷопон)
3. ШМАИЛОВ Баруч (Исроил)

73 кг
1. ГДАКОВА Акил (Косово)
2. БАЗИЛ Фабио (Италия)
3. БУТБУЛ Рустам (Исроил)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)

81 кг
1. РЕССЕЛ Доминик (Олмон)
2. КАССЕ Матиас (Белгия)
3. ЭГУТИДЗЕ Анри (Португалия)
3. ФУҶИВАРА Сотаро (Ҷопон)

90 кг
1. ЧРИКИШВИЛИ Автандил (Гурҷистон)
2. ГОНЗАЛЕЗ Аслей (Куба)
3. МАҶДОВ Неманя (Сербия)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)

100 кг
1. ИЛЁСОВ Ниёз (Русия)
2. РЕЙЕС Киле (Канада)
3. ИИДА Кентаро (Ҷопон)
3. ТАВЕЛУРИ Лаша (Гурҷистон)

+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. САССОН Ор (Исроил)
3. ХАММО Яков (Украина)
3. ТАСОЕВ Инал (Русия)

Занон
48 кг

1. БИЛОДИД Даря (Украина)
2. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонсесег (Қазоқистон)
3. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)

52 кг
1. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)
2. БУЧАРД Амандин (Фаронса)
3. ДЕЛГАДО Анҷелика (ИМА)
3. ВАН СНИК Шарлин (Белгия)

57 кг
1. ДЕГУЧИ Христа (Канада)
2. КЛИМКАИТ Ҷессика (Канада)
3. ФУНАКУБО Харука (Ҷопон)
3. КАРАКАС Хедвиг (Маҷористон)

63 кг
1. НАБЕКУРА Нами (Ҷопон)
2. ТРСТЕНЯК Тина (Словения)
3. БЕАУЧЕМИН-ПИНАРД Катрин (Канада)
3. КАСТИЛХОС Алексиа (Бразилия)

70 кг
1. ГАХИ МАРИ Еве (Фаронса)
2. ОНО Йоко (Ҷопон)
3. КОНВЕЙ Салли (Британияи Кабир)
3. НИАНГ Астма (Марокаш)

78 кг
1. МАЛОНГА Маделейн (Фаронса)
2. АПОТЕКАР Клара (Словения)
3. ЧЕУМЕО Аудрей (Фаронса)
3. ВАГНЕР Анна Мария (Олмон)

+78 кг
1. ВАЛЕНСЕК Анамари (Словения)
2. ЧЕЙХ РОУНОУ Ниҳел (Тунис)
3. АСАНИНА Сараҳ (Ҷопон)
3. КАЛАНИНА Елизавета (Украина)

Ба ин тартиб, дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби даҳ медал (се тилло, як нуқра ва шаш биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Фаронса бо касби чор медал (ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) дар мақоми дувум ва мунтахаби Гурҷистон бо касби ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ дар мақоми севум қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG