Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон баъди танаффуси тобистона


Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси тобистона, ки якуним моҳ идома кард, бо бозиҳои даври дувоздаҳум рӯзҳои 28-29-уми июл аз сар гирифта мешавад.

Ду бозии даври дувоздаҳум рӯзи шанбе миёни дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ – ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври дувоздаҳум рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – «Истиқлол»-и Душанбе сурат мегирад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Истиқлол”, ки дар 11 бозӣ 26 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. “Хуҷанд” бо 24 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. ССКА «Помир» бо 17 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 12-ум

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

8

2

1

21-11

26

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

7

3

1

22-11

24

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

11

4

5

2

15-15

17

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

4

3

4

13-16

15

5

«Хатлон» (Бохтар)

11

4

1

6

13-15

13

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

15-14

13

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

11

2

3

6

7-15

9

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

11

1

1

9

5-14

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб, Шериддин Бобоев, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Абдухалил Боронов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ») 4-тӯбӣ.

Даври 12-ум

28 июл (шанбе)

«Кӯктош» – ССКА «Помир»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

«Панҷшер» – «Хатлон»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

29 июл (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

XS
SM
MD
LG