Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Туркманистон дар Тошканд


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар бозии севумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар тими Туркманистон (U-15) бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ, ки 26-уми июл дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Тошканд баргузор шуд, голҳоро Фирдавси Олимзода ва Меҳрубони Абдурауф ба самар расонданд. Дар ду бозии дигари даври дувум тими мунтахаби наврасони Эрон бар ҳамсолонашон аз Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ва тими Узбекистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони 15-сола таркиб ёфтааст, бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, вале дар бозии дувумаш аз дастаи Узбекистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар ҷадвал дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистону Эрон бо нӯҳимтиёзӣ пешсафанд. Дастаи Тоҷикистон бо шаш имтиёз ҷойи севумро касб намудааст. Тими Афғонистон бо се имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Вале тимҳои Қирғизистону Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаҳои охирин қарор доранд.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқот рӯзи шанбе, 28-уми июл, барпо мегарданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Қирғизистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Тошканд соати 18:00 шуруъ мешавад.

Мусобиқоти CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 2:0

Голҳо: Фирдавси Олимзода, 48 (1:0). Меҳрубони Абдурауф, 64 (2:0).

Тоҷикистон: Фирӯз Назаров, Муиб Саидов, Суҳроб Сафаров, Меҳрубони Абдурауф, Фирдавси Олимзода, Алиҷон Содатсайров, Азизбек Ҳаитов, Муҳаммад Аҳмадов, Меҳроб Асоев, Ҳикматуллои Хайруллозода, Некрӯз Тӯйчиев.

Огоҳӣ: Давлатбек Акрамов (Тоҷикистон), Нуряғдӣ Байрамов, Меҳаммаддурдӣ Байрамдурдиев (Туркманистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Меҳроб Асоев (Тоҷикистон).

Сардовар: Қиёмиддин Пириев (Қирғизистон).

26 июл. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 73 тамошобин.

Узбекистон – Қирғизистон – 2:0

Голҳо: Облоёрбек Раҳматов, 41 (1:0). Облоёрбек Раҳматов, 52 (2:0).

Огоҳӣ: Тоҳирбек Тухтасинов (Узбекистон).

Сардовар: Ҷумъамурод Ҷумъамуродов (Туркманистон)

26 июл. Тошканд. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт. 140 тамошобин.

Эрон – Афғонистон – 1:0

Гол: Муҳаммади Муҳаммадмаҳдӣ, 14.

Огоҳӣ: Ориё Аскарикибриё, Ориф Нобахт Тамрин, Алиризо Саъдипур, Амир Иброҳимзода (Эрон), Акрамхон Иброҳим, Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ (Афғонистон).

Бозигари беҳтарини дидор: Аршиа Каримӣ (Эрон).

Сардовар: Аскар Наҷафалиев (Узбекистон).

26 июл. Тошканд. Варзишгоҳи миллӣ. 67 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбекистон

3

3

0

0

9-1

9

2

Эрон

3

3

0

0

8-0

9

3

Тоҷикистон

3

2

0

1

5-3

6

4

Афғонистон

3

1

0

2

2-5

3

5

Қирғизистон

3

0

0

3

1-6

0

6

Туркманистон

3

0

0

3

1-11

0

Бозиҳои даврҳои боқимонда:

Даври 4-ум

28 июл (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллӣ

18:00 – Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»

21:00 – Эрон – Узбекистон. Варзишгоҳи миллӣ

Даври 5-ум

30 июл (душанбе)

18:00 – Тоҷикистон – Эрон. Варзишгоҳи миллӣ

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт

21:00 – Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи миллӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG