Гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" масъулияти тирпарронии рӯзи 23 июл дар Торонторо бар дӯш гирифт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи чоршанбе бо такя ба "Amaq"- хабаргузории марбут ба ҷангиён гузориш дод.
Дар ҳамлаи Торонто як марди мусаллаҳ дар яке аз кӯчаҳои шаҳр ба сӯи қаҳвахона ва тарабхонаҳо оташ кушод. Дар ин ҳодиса ду нафар, бо шумули як духтараки 10-сола кушта ва 13 нафар захмӣ шуд.
Ҳамлагар аз тири пулис ба ҳалокат расид. Ин мард 29 сол дошт ва наздиконаш гуфтанд, ки ӯ аз маризии равонӣ ранҷ мебурд.