Рӯзҳои 23-24-уми июл ҳафт бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуд. Дар даври ҳаштякниҳоӣ ҳашт дастаи лигаи олӣ, ҳафт тими лигаи аввал ва як намояндаи лигаи дувум ширкат доранд.
Се бозии даври ҳаштякниҳоӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид. Бозиҳои аввал миёни дастаҳои «Панҷшер»-и ноҳияи Балхӣ - «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:2, «Хатлон»-и Бохтар - «Вахдат»-и шаҳри Ваҳдат бо ҳисоби 0:0 ва «Истиқлол»-и Душанбе – ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Дар се бозии дигари ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мизбонон ғолиб омаданд. «Локомотив-Помир»-и Душанбе бар «Исфара»-и Исфара бо ҳисоби 4:2, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 ва «Барқчӣ»-и Ҳисор бар «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Танҳо як бозӣ бо пирӯзии меҳмонон ба охир расид. «Сомон»-и Данғара аз «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрд.
Бозии охирини даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон имрӯз, 25-уми июл, байни дастаҳои «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ барпо мегардад. Ин бозӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:30 шуруъ мешавад.
Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 11-12-уми август доир мешаванд.
Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 20-уми октябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошобинон 25 ҳазор ҷойгоҳ дорад, барпо мегардад.
Бояд гуфт, ки барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ба ҳаққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 даст меёбад.
Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 27-ум баргузор шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандаи Ҷом гардидааст. Аз ҳама бештар – шашборӣ - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд чаҳор бор, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.
Ҷоми Тоҷикистон
1/8 финал. Бозиҳои аввал
«Панҷшер» – «Файзканд» – 2:2
Голҳо: Мунир Давлатбеков, 20 (1:0). Анушервон Наврӯзҷонов, 47 (1:1). Хайриддин Турахонов, 81 (2:1). Абдуқосим Музаффаров, 90+3 (2:2).
Огоҳӣ: Ҷаҳонгир Тошмуродов, Эмомалӣ Сониев, Анушервон Наврӯзов («Файзканд»).
Бозигари беҳтарини дидор: Абдуқосим Музаффаров («Файзканд»)
Сардовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).
Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
23 июл. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1700 тамошобин.
«Хатлон» – «Ваҳдат» – 0:0
Огоҳӣ: Маҳмадалӣ Содиқов, Мухтор Ортиқов («Хатлон»), Алишер Эргашев, Фирӯз Шамсиев («Ваҳдат»).
Бозигари беҳтарини дидор: Алишер Эргашев («Ваҳдат»).
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Нозири бозӣ: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
23 июл. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.
«Истиқлол» – ССКА «Помир» – 1:1
Голҳо: Шериддин Бобоев, 14 (1:0). Абдухалил Боронов, 72 (1:1).
Огоҳӣ: Абдухалил Боронов, Мӯҳсин Абдуғаффоров, Суҳроб Ҷалилов (ССКА «Помир»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).
Бозигари беҳтарини дидор: Шериддин Бобоев («Истиқлол»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Насриддин Азизов (Қабодиён).
Комиссари бозӣ: Азизҷон Достиев (Турсунзода).
24 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошобин.
«Локомотив-Помир» – «Исфара» – 4:2
Голҳо: Нидоёр Забиров, 7 (1:0). Парвиз Деҳқонов, 14 (1:1). Рустам Соиров, 21 (2:1). Азизбек Ҳасанов, 60 (3:1). Фирдавс Мӯсоев, 67 (3:2). Эмомалӣ Аҳмадхон, 82 (4:2).
Огоҳӣ: Рустам Соиров, Озодбек Панҷиев, Ислом Зоиров, Нидоёр Забиров («Локомотив-Помир»), Парвиз Деҳқонов, Фирдавс Мӯсоев, Мавлон Исмоилов («Исфара»).
Бозигари беҳтарини дидор: Эмомалӣ Ахмадхон («Локомотив-Помир»).
Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Нозири бозӣ: Дилшод Назипов (Душанбе).
24 июл. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 100 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» – 1:0
Гол: Наврӯз Рустамов, 9.
Огоҳӣ: Саидамири Саидаҳмад, Бахтиёр Қаландаров («Регар-ТадАЗ»), Фаридун Деҳқонов, Илҳом Баротов («Истаравшан»).
Бозигари беҳтарини дидор: Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Бохтар).
24 июл. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошобин.
«Барқчӣ» – «Кӯктош» – 3:2
Голҳо: Тоҳир Малодӯстов, 15 (1:0). Нодирбек Иброҳимов, 34 – аз пеналтӣ (1:1). Шарафҷон Солеҳов, 65 (2:1). Абдурасул Раҳмонов, 70 – аз пеналтӣ (2:2). Ҳувайдои Гулмурод, 90+2 (3:2).
Огоҳӣ: Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ханонов, Абдулмуъмин Забиров («Барқчӣ»), Аҳтам Холбоев, Муҳаммадҷон Раҳмонов («Кӯктош»).
Бозигари беҳтарини дидор: Шарафҷон Солеҳов (ССКА «Помир»).
Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссари бозӣ: Сафар Каримов (Норак).
24 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
«Сомон» – «Хуҷанд» – 1:4
Голҳо: Бахтовар Наҷмиддинов, 37 (1:0). Хуршед Бекназаров, 49 (1:1). Дмитрий Горбушин, 53 (1:2). Дилшодҷон Каримов, 65 (1:3). Ҷаҳонгир Эргашев, 81 (1:4).
Огоҳӣ: Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»).
Бозигари беҳтарини дидор: Шаҳром Самиев («Сомон»).
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Нозири бозӣ: Рустам Абдуллоев (Душанбе).
24 июл. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 700 тамошобин.
25 июл (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 17:30
«Душанбе-83» – «Саройкамар
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Бохтар).
Комиссари бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).
Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ