Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар дувумин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) аз тими мизбон – Узбекистон - бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ, ки 24-уми июл дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду голро Шаҳзод Акрамов задааст. Як голи дигарро Муродбек Хуҷамбердиев ба ҳадаф расондааст.
Дар ду бозии дигари даври дувум дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби бузурги 5:0 ва тими Афғонистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) бо раҳбарии сармураббӣ Рустам Қурбонов дар нахустин бозиаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Дар ин бозӣ, ки 22-юми июл дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти шаҳри Тошканд баргузор шуд, ду голро ҳимоятгар Меҳрубони Абдурауф зад. Як голи дигарро Салоҳиддин Эргашев аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқот дар ҷадвал дастаҳои мунтахаби наврасони Эрону Узбекистон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои Тоҷикистону Афғонистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб намудаанд. Вале тимҳои Қирғизистону Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаҳои охирин қарор доранд.
Бозиҳои даври севуми мусобиқот рӯзи панҷшанбе, 26-уми июл, барпо мегарданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Туркманистон бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Тошканд соати 18:00 шуруъ мешавад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд
Даври 2-юм
Узбекистон – Тоҷикистон – 3:0
Голҳо: Шаҳзод Акрамов, 16 (1:0). Шаҳзод Акрамов, 26 (2:0). Муродбек Хуҷамбердиев, 61 (3:0).
Тоҷикистон: Ҳакимҷони Ҳалимзода, Муиб Саидов, Суҳроб Сафаров, Меҳрубони Абдурауф, Фирдавси Олимзода (Саидисроил Саидов, 64), Алиҷон Содатсайров, Салоҳиддин Эргашев (Муҳаммад Аҳмадов, 36), Давлатбек Акрамов (Некрӯз Тӯйчиев, 53), Азизбек Ҳаитов, Меҳроб Асоев, Партулло Хуршедзода (Ҳикматуллои Хайруллозода, 18).
Огоҳӣ: Тоҳирбек Тухтасинов (Узбекистон).
Бозигари беҳтарини дидор: Шаҳзод Акрамов (Узбекистон).
Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).
24 июл. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор». 248 тамошобин.
Туркманистон – Эрон – 0:5
Голҳо: Меҳрон Нафарӣ, 3 (0:1). Аршиа Каримӣ, 22 (0:2). Меҳрон Нафарӣ, 24 (0:3). Аршиа Каримӣ, 29 (0:4). Аршиа Каримӣ, 61 (0:5).
Огоҳӣ: Абдураҳмон Аннамуродов (Туркманистон), Ёдгор Рустамӣ (Эрон).
Сардовар: Қиёмиддин Пириев (Қирғизистон).
24 июл. Тошканд. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт. 63 тамошобин.
Афғонистон – Қирғизистон – 2:1
Голҳо: Муҳаммад Содиқ Баротӣ, 27 (1:0). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 35+1 (2:0). Арсен Шаршенбеков, 56 (2:1).
Огоҳӣ: Акрам Хан Иброҳим (Афғонистан), Бейшебай Уулу Бейкунт, Ааламбек Абилқосимов (Қирғизистон).
Бозигари беҳтарини дидор: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ (Афғонистон).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).
24 июл. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор». 248 тамошобин
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 15-сола, шаҳри Тошканд
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Эрон |
2 |
2 |
0 |
0 |
7-0 |
6 |
2 |
Узбекистон |
2 |
2 |
0 |
0 |
7-1 |
6 |
3 |
Тоҷикистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-3 |
3 |
4 |
Афғонистон |
2 |
1 |
0 |
1 |
2-4 |
3 |
5 |
Қирғизистон |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-4 |
0 |
6 |
Туркманистон |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-9 |
0 |
Бозиҳои даврҳои боқимонда:
Даври 3-юм
26 июл (панҷшанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Туркманистон. Варзишгоҳи миллӣ
18:00 – Узбекистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт
21:00 – Эрон – Афғонистон. Варзишгоҳи миллӣ
Даври 4-ум
28 июл (шанбе)
18:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон. Варзишгоҳи миллӣ
18:00 – Афғонистон – Туркманистон. Варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»
21:00 – Эрон – Узбекистон. Варзишгоҳи миллӣ
Даври 5-ум
30 июл (душанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Эрон. Варзишгоҳи миллӣ
18:00 – Туркманистон – Қирғизистон. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт
21:00 – Узбекистон – Афғонистон. Варзишгоҳи миллӣ