Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муштзани тоҷик дар як набарди бокси ҳирфаӣ дар Мексика


Меҳрубон Сангинов.
Меҳрубон Сангинов.

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди бокси ҳирфаӣ, ки 21-уми июл дар Мексика барпо гардид, бар ҳарифи мексикоиаш Хорхе Риос бо нокаути техникӣ ё фаннӣ пирӯз шуд.

Меҳрубон Сангинов рӯзи 24-юми июл дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ ҳамроҳи мураббиёнаш ба ин набард омодагии сахт дида, кори вазнинеро ба субут расондаанд. "Қувваозмоӣ бояд ҳашт раунд идома мекард, вале он хеле кӯтоҳ сурат гирифт ва дар раунди аввал ман бо нокаути техникӣ пирӯз шудам", - гуфт Меҳрубон Сангинов.

Ба иттилои муштзани тоҷик, ӯ боз ба Лас-Вегас, ба урдугоҳи тамринии Флойд Майвейзер, баргаштааст. Вай минбаъд тамринашро идома медиҳад ва ба набарди навбатӣ, ки санаи баргузории он рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд, омодагӣ мегирад.

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокси ҳирфаӣ аз рӯи ривоят ё версияи WBC (Youth World Champion) ва WBB ( World Boxing Board) дар вазни 76,2 килограмм Меҳрубон Сангинов пеш аз набардаш бо Хорхе Риос, 23-юми июни имсол дар набарде муқобили мексикоӣ Фермин Канедо унвони қаҳрамони WBC Youth-ро дифоъ намуд. Ӯ рақибашро дар раунди севум бо нокаути фаннӣ шикаст дод.

Ёдовар мешавем, Меҳрубон Сангинов дар моҳи июли соли гузашта дар набарди бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кг аз рӯи ривояти WBB (“World Boxing Board”) даст ёфта буд. Ин қувваозмоӣ рӯзи 22-юми июли соли 2017 дар шаҳри Шарлоттаи иёлати Каролинаи Амрико баргузор шуд. Муштзани тоҷик дар раунди аввал бо нокаути фаннӣ рақибашро мағлуб сохт.

Меҳрубон Сангинов 23-юми сентябри соли гузашта дар шаҳри Луизинаи Амрико дар як набарди сангин бар ҳарифи амрикоиаш Камерон Буроуҷонс пирӯз шуд. Ин набард барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ривояти WBC ("World Boxing Council") 10 раунд идома кард.

Дар комёбиҳои Меҳрубон Сангинов саҳми мураббиаш Сагатбек Мӯсохонов, мутахассиси қазоқ ва инчунин устоди нахустинаш Парвиз Аҳмадов бузург аст.

Меҳрубон Сангинов 3-юми феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ соли гузашта раиси Федератсияи бокси Душанбе интихоб шудааст.

"Ман интизор надоштам, ки ба ин вазифа интихоб мешавам. Вале таклиферо, ки ба ман пешниҳод карданд, ба зудӣ пазируфтам. Бокс ба ҷавонони мо иродаи матин ва рӯҳ мебахшад. Бинобар ин, ба ин намуди варзиш бояд машғул шуд ва кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард", — гуфт ба Радиои Озодӣ муштзани маъруфи тоҷик Меҳрубон Сангинов.

XS
SM
MD
LG