Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти гуштигирони тоҷик аз Ҷоми Осиё бо 9 медал


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 21-22-юми июл дар Макао доир шуд, шаш медал ба даст оварданд.

Чунонки вебсайти расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон дар Макао 117 варзишгар (69 писару 48 духтар) аз 19 кишвар ширкат дошт.

Ба иттиои ин манбаъ Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷавонон чаҳор варзишгар намояндагӣ кард ва ҳарчор бо медалҳо мукофотонида шуданд.

Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни зери 73 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Фаридун Холиқов дар вазни зери 81 кило медали нуқра ва Муҳаммадуллоҳ Лоиқов дар вазни зери 90 кило медали биринҷӣ гирифтанд.

Варзишгарони тоҷик, инчунин дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон дар Макао, ки бо иштироки 124 варзишгар (79 писару 45 духтар) аз 29 кишвар барпо гардид, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Сулаймони Ҷамшед дар вазни зери 60 кило бо медали тилло ва Ғаниҷон Ғаниев дар вазни зери 73 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ёдовар мешавем, гуштигирони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 13-15-уми июл дар Ҳонконг доир шуда буд, се медал гирифтанд.

Дар мусобиқаи ҷавонон Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни зери 81 кило бо медали тилло мукофотонида шуд. Муҳаммадуллоҳ Лоиқов дар вазни зери 90 кило соҳиби медали нуқра гардид. Дар мусобиқаи наврасон Эмомризо Қурбонов дар вазни зери 90 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик 23-юми июл аз Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон бо 9 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) баргаштанд.

XS
SM
MD
LG