Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Деҳлӣ


Бахтовар Ҳасанов.
Бахтовар Ҳасанов.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву римӣ миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷараён дорад, ду медал ба даст оварданд.

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Азмуддин Ваҳҳобов дар рақобатҳо дар вазни зери 130 кило дар даври чорякниҳоӣ бар Бадер Алӣ Аҳмаднур Ҳасан Алалӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 9:0 ғолиб омад. Вале баъдан дар даври ниманиҳоӣ аз Арйан Панвар (Ҳиндустон) бо ҳисоби 4:5 шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ бар Акимиши Сакаи аз Ҷопон бо ҳисоби 8:0 пирӯзӣ ба даст овард.

Паҳлавони дигари тоҷик Бахтовар Ҳасанов дар вазни 72 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Чуан Жанг аз Чин бо ҳисоби 8:0 дастболо шуд, вале дар даври ниманиҳоӣ аз варзишгари Қирғизистон Бексултон Назарбоев бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд. Бахтовар барои ҷойи севум Ҷиун Ҷонгро аз Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 9:0 мағлуб кард.

Дар намуди гуштии озод ду гуштигири ҷавони тоҷик - Саидҷон Гулов (57 кг) ва Муборакшо Қурбонбеков (65 кг) – рақобат мекунанд. Дар сабқати бонувон Шоира Раҷабова (50 кг) иштирок менамояд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву римӣ ва гуштии озод миёни ҷавонон дар Деҳлӣ таҳти раҳбарии мураббиён Абдурозиқ Олимов ва Мурод Ҳомидов ширкат доранд.

XS
SM
MD
LG