Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷим Маттис хостааст, Амрико "баъзеҳоро" таҳрим накунад


Ҷим Маттис

Ҷим Маттис, вазири дифои Амрико аз Конгресс хостааст, ба таври истисно баъзе аз кишварҳоро барои хариди аслиҳаи русӣ аз таҳримоти Амрико эмин дорад.

Ҷим Маттис дар як баёнияе дар рӯзи 20-уми июл гуфт, Русия бояд барои “рафтори хашин ва нооромкунандааш” посух бидиҳад, аммо аз он набояд кишварҳое ҷазо бигиранд, ки Амрико бо онҳо ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.

Вакилони амрикоӣ мехоҳанд, Иёлоти Муттаҳида ба зидди Русия бахусус соҳаи аслиҳасозии он таҳримоти васеъ эъмол кунад. Ҳоло нигарониҳо зиёд аст, ки Ҳинд, яке аз шарикони Амрико, вале яке аз харидорони асосии аслиҳаи Русия зери таҳрим мемонад.

Ҳинд солҳост, ки аз Русия аслиҳа мехарад ва чанде пеш бо он дар бораи хариди системаи мушакии S-400 музокира дошт.

Видеоҳои охирин

Сокинон мегӯянд, дар шабонарӯз чор соат барқ доранд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG