Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар ба варзишгари шинохта видоъ гуфтанд


Маросими видоъ бо варзишгари шинохта
Маросими видоъ бо варзишгари шинохта

Ҳазорон нафар аз мардуми шаҳри Алмаато рӯзи 21-уми июл дар маросими видоъ бо як варзишгари шинохтаи Қазоқистон ҷамъ омаданд. Раққоси рӯзи ях ва барандаи нишони олимпӣ Денис Тени 25-соларо дар рӯз равшан ва дар маркази Алмаато корд зада куштанд.

Маросими видоъ бо варзишгар дар қасри варзишии Балуан Шолак сурат гирифт. Денис Тен нахустин медали нуқраро маҳз дар ҳаминҷо дар соли 2011 дар Бозиҳои зимистонаи Осиё ба даст овард.

Дар толор 5 ҳазор нафар барои видоъ ҷамъ омаданд ва ҳазорон нафари дигар дар берун мунтазир буданд, ки бо ӯ видоъ бигӯянд. Мақомот ду ҷавонро бо иттиҳоми қатли ӯ дастгир карданд.

Ба гуфтаи муфаттишон, Денис Тен ҳангоми муқовимат ба ин ҷавонон, ки мехостанд, ойинаи мошинашро бидузданд, корд хӯрдааст. Ӯ нахустин медали биринҷиро дар бозиҳои олимпии Сочӣ ба даст овард.

XS
SM
MD
LG