Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қирғиз дар паи моҷарое дар Ворух раҳо шуданд


ҷамоати Ворух як анклави тоҷикист, ки бо сарҳади Қирғизистон иҳота шудааст
ҷамоати Ворух як анклави тоҷикист, ки бо сарҳади Қирғизистон иҳота шудааст

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар паи як моҷаро дар як мавзеи сарҳадӣ бо Қирғизистон чаҳор марзбони қирғизро боздошт ва баъди як музокира бо мақомоти кишвари ҳамсоя онҳоро раҳо карданд.

Як манбаи наздик ба Раёсати марзбонии вилояти Суғд рӯзи 20 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор марзбоне, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворухи Исфара боздошт шуданд, баъди музокира бо марзбонони Қирғизистон раҳо карда шуданд ва онҳо ба ҷои доимии худ баргаштанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон ин амали марзбонони қирғиз ва сокинони деҳаи Оқсойро кӯшиши “иғвобарангезии навбатӣ” арзёбӣ карданд ва гуфтанд, баъди баррасии масъалаи мазкур ҳоло вазъ ором аст.

Саидакбар Сафаров, як сокини ҷамоати Ворух ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте чанд сокини Ворух хост, ки дар қитъаҳои замине, ки ба худашон тааллуқ дорад, кишт кунанд, сокинони ҳамсояқишлоқ омада даъво карданд, ки ин қитъаҳо ба онҳо тааллуқ надорад”.

Ба қавли Сафаров, баъди ин “бигӯ-магӯҳо” марзбонони қирғиз омаданду аз сокинони худашон ҳимоят намуда кӯшиш карданд, ворухиҳоро берун кунанд.

Вай гуфт, баъд сарҳадбонони тоҷик ва милисаҳо омаданд. Вай гуфт моҷаро бидуни хушунат анҷом ёфт.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки марз ором аст ва ҳеҷ ҳодисае рух надодааст.

Дар ҳоли ҳозир ба таври дақиқ аломатгузорӣ нашудани қитъаҳои баҳсӣ дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирзистон пайваста баҳсу моҷароҳоро ба вуҷуд бармехезад.

Дар авоили моҳи гузашта дар натиҷаи ҷанҷолу сангандозӣ дар як ҳамин маҳаллаи Ворух чанд нафар, аз ҷумла раиси маҳаллаи ҳамин ҷамоат захмӣ шуд. Моҷаро рӯзи 31-уми май байни сокинони ҷамоати Ворухи вилояти Суғд ва маҳаллаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон сар задааст, вале ба мақомоти ду тараф муяссар шудааст, ҷанҷолро фурӯ нишонанд.

XS
SM
MD
LG