Пайвандҳои дастрасӣ

Дар солагарди куштори Павел Шеремет. Қотил пайдо нашуд


Маросими ёдбуди Павел Шеремет дар Киев. 20 июли соли 2018

Даҳҳо нафар дар дуюмин солгарди куштори журналист Павел Шеремет, ки аз тарикиши мошини бомбагузоришуда фавтид, барои гиромидошти хотираи ӯ рӯзи 20 июл дар Киев ҷамъ омаданд. Хабарнигорон, ҳамкорони собиқи Шеремет, фаъолони ҳуқуқ ва дипломатҳои ИМА дар ин маросим иштирок карданд. Павел Шеремет 20 июли соли 2016 кушта шуд. Мақомот то ҳол қотилони ӯро пайдо накарданд.

Шеремет - журналисти радио ва телевизион, беларустабори шаҳрванди Русия, Киевро хонаи дуввуми худ интихоб кард ва дар радиои "Вести" кор мекард. Ӯ субҳи 20 июл, соати 7:45, ба дафтари кориаш шитоб дошт ва бар асари таркиши бомбае, ки дар мошинаш гузошта буданд, кушта шуд. Шеремет ҳамагӣ 44 сол дошт.

Мақомоти Украина ин кушторро маҳкум карданд ва қавл доданд, ки қотилро пайдо мекунанд. Аммо то ҳол касе боздошт нашудааст ва пулис изҳороте ҳам пахш накардааст.

Журналистон аз суръати тафтиши қазияи Шеремет норозиан ва ба гуфтаи раиси Иттиҳоди Миллии Рӯзноманигорони Украина Сергей Томиленко, то ҳол таҳқиқи журнастӣ - филми "Куштори Павел", дар муқоиса бо таҳқиқоти расмӣ маводи бештар ҷамъ овардааст.

Видеоҳои охирин

Дастурхони хоксоронаи зани тоҷик дар Иди Қурбон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG