Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои ҳукумати Сурия ба баландиҳои Ҷулон ворид шуданд


Артиши Сурия дар баландиҳои Ҷулон
Артиши Сурия дар баландиҳои Ҷулон

Нерӯҳои ҳукумати Сурия ба қаламравҳои наздик ба баландиҳои Ҷулон, ки дар таҳти назорати Исроил қарор доранд, ворид шуданд.

Ин қаламравҳо дар вилояти Кунейтра чанд сол дар дасти мухолифин буд. Аммо баъди ҳамлаи густардаи неруҳои ҳукуматӣ ба ҷанубу ғарби Сурия, онҳо ин минтақаҳоро аз даст доданд.

Ба гуфтаи хабаргузориҳо ва маркази назорати ҳуқуқи башар, ҳукумат ва мухолифин бо миёнҷигии Русия созиш карданд, ки қаламравҳои атрофи баландиҳои Ҷулон таҳти назорати ҳукумат қарор мегирад ва ҷангиёне, ки намехоҳанд силоҳ ба замин гузоранд, ба шимоли Сурия мераванд.

Нерӯҳои Асад назорат бар Ғутаи Шарқӣ ва навоҳии ҳаммарз бо Урдунро аз рӯи ҳамин модел барқарор карданд.

Ба ин тартиб, тамоми қисмати ҷанубу ғарби Сурия, ба истиснои як қаламрави кӯчак, ки таҳти назорати ҷангиёни ДИИШ аст, дар ихтиёри Димишқ қарор мегирад. Интизор меравад, ки алайҳи ин ҷангиён низ амалиёти низомӣ анҷом шавад.

Баъди мулоқоти Владимир Путин бо Доналд Трамп, 16 июл дар Ҳелсинки, раисони ҷумҳури ду кишвар гуфтанд, ки бинобар вазъи амниятӣ дар Сурия, бехатарии Исроил бояд таъмин шавад. Нозирон мегӯянд, ки дар ҳуҷумҳои ахири нерӯҳои Сурия низомиёни Эрон тақрибан иштирок надоштанд. Исроил ба пайдо шудани низомиёни эронӣ дар марзҳояш қотеаона мухолифат кард.

XS
SM
MD
LG