Соли таҳсил дигар дар мактабҳои Тоҷикистон на 25 май ё 7 июн, балки ба эҳтимоли зиёд 14-уми июн поён хоҳад ёфт. Ин дар ҳоле аст, ки мардум интизор доштанд, ки дигар дарсҳо дар мактабҳои Тоҷикистон 25-уми май хатм хоҳад шуд.
Вазорати маорифи Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ ва баҳориро ба мактабҳо бармегардонад, аммо занги охир ё рӯзи охирини дарсӣ мисли ҳудудан 8 соли пеш ба рӯзи 25 май рост нахоҳад омад. Баръакс дарсҳо дигар дертар то миёнаҳои моҳи июн идома хоҳад кард.
Ин ниҳод низоми таътили мактабҳои миёнаро тағйир додааст. Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 20-июн дар нишасти хабарии вазорат гуфт, пешниҳоди онҳо барои баргардонидани таътили баҳориву тирамоҳӣ ва зимистонаи бачаҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфт ва ҳоло барномаи таътил ба ниҳодҳои дигари масъул ирсол шуда ва дар дасти баррасӣ қарор дорад.
"Агар мӯҳлати таълим тамдид ёбад, албатта маблағ талаб мешавад, соати иловагии дарсӣ талаб мешавад, бинобар ин, бояд назари дигар кумитаву идоараҳои дахлдорро бигирем. Агар розигии кумитаву вазоратҳои дигар гирифта шавад, қарори тағйирот ба таътили хонандагон ба тасвиб мерасад."
Аммо ба таъкиди Латофат Назирӣ, занги охир ё давомнокии таҳсил мисли солҳои қабл ба таърихи 25-уми уми май баргардонида нахоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки охири моҳи майи имсол беш аз 600 падару модар бо ирсоли як нома ба Ҳукумати кишвар хостори баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд. Онҳо аз тӯлонӣ будани соли таҳсил, ки бидуни истироҳат дар мавсими тирамоҳу баҳорӣ ва дар гармои тобистон то 7- уми июн идома мекард, нигаронӣ карда буданд.
Латофат Назирӣ дар ин маврид дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шояд зиёдтар шавад. Ба хотире, ки аз рӯйи ҳисобҳои мо то 25-уми уми май ҳафтаи таълимӣ ба 34 ҳафта баробар мешавад ва аз рӯйи таълилҳои мушовирони байналмиллалӣ дар муассисаҳои таълимӣ, 25 фоизи будҷаи вақтро таъмин карда наметавонем. Зеро мактабҳои мо 2 баст банд ҳастанд. Бинобар ин ҳам мо танҳо аз ҳисоби дароз кардани рӯзи таълимӣ метавонем будҷаи вақтро таъмин кунем."
Бо дастури вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои кишвар 8 соли пеш аз миён бардошта шуд. Таътили тирамоҳӣ аз 24-уми октябр то 1-уми ноябр ва таътили баҳорӣ аз 24-уми март то 1-уми апрел идома мекард ва тибқи дастури вазир ин рӯзҳои таътил ба таътили зимистона ҳамроҳ шуданд.
Дар ин чанд соли охир мактабҳои ҳамагонӣ тақрибан тамоми моҳи январ ба таътили зимистона мерафтанд. Вазири маориф ва илм он замон гуфт, зимистон муаллимон ба давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ҷалб мешаванд ва шогирдони мактабҳо дар олимпиадаҳои мактабӣ ширкат мекунанд.