Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои кормандони пулис 70 соли зиндон талаб кард


Фемида бо чашмҳои боз
Фемида бо чашмҳои боз

Додгоҳи низомии Налчик рӯзи 17 июл ба баррасии парванда алайҳи ҳафт корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Ингушистон, ки ба як идда ҷиноятҳо, бо шумули куштор муттаҳам шудаанд, идома дод.

Ин гурӯҳ ба куштор, суиистифода аз мақом бо зӯроврӣ, истифодаи таҷҳизоти махсус, ки паёмади сангин дошт, пулситонӣ дар ҳаҷми калон, роҳзанӣ, дуздии асноди хусусӣ ва тақаллуби ҳуҷҷат муттаҳам шудааст.

Додситон барои ҳамаи онҳо ҷамъулҷамъ 70 соли зиндон ва лағви рутбаҳои низомиро талаб кард. Ба истиснои як нафар, муттаҳамони дигар рутабаҳои баланди "майор" ва "полковник"-ро доштанд. Ду нафар дар мақоми раҳбарӣ - Темур Ҳамхоев, раҳбари Маркази муқовимат бо тундгароӣ ва Магамед Беков раҳбари шуъбаи пулиси маҳаллӣ буд.

Ҷабрдидаҳо аз додгоҳ талаб кардаанд, ки ҳукм воқеӣ бошад.

XS
SM
MD
LG