Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камолзода: "Тухми мурғи Узбекистон ба талабот ҷавобгӯ аст"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Тухми мурғи истеҳсоли Узбекистон ба ҳамаи талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Ин нуктаро Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии ғизоии назди ҳукумати Тоҷикистон 17-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе эълон дошт.

"Тухми мурғи истеҳсоли Узбекистон ба куллияи талаботҳои сифати тухми мурғи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Кумитаи мо воридоти тухми мурғ аз Узбекистонро ҳаргиз маҳдуд накардааст. Ахиран мо аз ҳамтоёни узбеки худ номае гирифтем, ки онҳо воридоти маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути шаҳрвандонро дар ҳаҷми 5 килограмм маҳдуд кардааст. Ҷониби Тоҷикистон низ чунин тасмимеро рӯйи даст гирифтааст. Аммо дар бораи маҳдудият дар воридоти тухми мурғ аз Узбекистон ҳеҷ ниҳоде қарореро тасвиб накардааст",-афзуд ҷаноби Камолзода.

Ба гуфтаи вай, дар нимсолаи аввали соли гузашта аз Русия, Қазоқистон ва Узбекистон ба Тоҷикистон 4 ҳазору 356 тонна тухми мурғ ворид карда шудааст. Аммо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз кишварҳои дигари хориҷӣ танҳо як ҳазору 363 тонна тухми мурғ ворид карда шудааст.

"Ин рақам ҳудуди ду ҳазор тонна камтар аз омори соли гузашта мебошад. Фикр мекунам, сабаби асосии чунин амр ба афзоиши тавлидоти корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон марбут аст. Зеро, корхонаҳои Тоҷикистон низ тавонистанд миқдори зарурии тухм ва гӯшти мурғро бо нархҳои дастрас ба бозор пешниҳод кунанд",- шарҳ дод Фарҳод Камолзода.

XS
SM
MD
LG