Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини Кумитаи тафтишоти Маскав боздошт шуд


Акси тасвирӣ

Хадамоти амнияти Русия раҳбари пешини Кумитаи тафтишоти Маскав Александр Дримановро боздошт кард. Ӯ дар парвандае гумонбар эълон шудааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе нахуст шабакаи телевизионии РБК хабар дод ва сипас ин хабарро вакили Дриманов тасдиқ кард.

Ба гуфтаи матбуоти Русия, Дриманов моҳи июн бинобар расидан ба синни бознишастагӣ барои истеъфо аз мақом ариза дод.

Дар оғози соли 2018 намояндагони Додситонии кулл Дримановро дар радифи афсароне номбар карданд, ки аз як чеҳраи бонуфузи олами ҷиноӣ - Захария Калашов барои аз боздоштгоҳ раҳо кардани нафари ӯ ришва гирифтанд.

Ба ғайри ин, Денис Никандров - ноиби пешини Дриманов ба кормандони амният гуфт, ки барои пуштибонӣ ва таъинаш ба ин мақом. ба раҳбараш 10 ҳазор евро пора додааст. Дриманов он замон ин маълумотро тӯҳмат гуфта буд. Ҳамон вақт кормандони ФСБ манзили ӯро кофтукоб карданд.

Санадҳои зидди Дриманов ба раҳбари Кумитаи тафтишот фиристода шуд, аммо ӯ аз кушодани парвандаи ҷиноӣ худдорӣ кард. Ҳамин тавр, то боздошташ Дриманов мақоми шоҳидро дошт.

Видеоҳои охирин

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG