Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба соҳибкорон имтиёзҳои нав дод


Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба соҳибкорони кишвараш чанд имтиёзи дигар дод.

Акнун соҳибкорони инфиродӣ аз пардохти андози устувор, ки аз ҳар кадом корманди кироя ситонида мешавад, озод шуданд.

Ба ҷуз ин, соҳибкорони инфиродие, ки дар деҳот фаъолият мекунанд ва ба хизматрасониҳои амсоли сартарошӣ, либосдузӣ, таъмири пойафзол машғуланд, то 1 июли соли 2023 аз пардохти ҳама навъи андозҳо озод шуданд.

Ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ, ки бори аввал қарзи хурди боимтиёз дарёфт мекунанд, давоми шаш моҳи баъдӣ аз пардохти андози устувор озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG