Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи ҷангҷӯён даҳҳо низомии афғон кушта шуд


Дар натиҷаи силсилаи ҳамлаҳо дар Афғонистон, ки масъулияти онро гурӯҳи мусаллаҳи "Толибон" ба дӯш гирифт, даҳҳо низомии давлатӣ кушта шуд. Ҳамлаҳо дар вилояти Кундуз, шимоли Афғонистон анҷом дода шуданд.

"Мо талафот доштем. "Толибон" ҳам талафот доданд", - гуфт сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Муҳаммад Родманиш рӯзи 12 июл.

Ба иттилои расмӣ, толибон ҳангоми ҳамла ба пойгоҳҳои низомӣ дар ноҳияи Дашти Арч аз дастгоҳҳои диди шабона ва силоҳи артилерӣ истифода кардаанд.

Шумори расмии кушташудаҳои ҳамлаҳои ахир ҳанӯз эълон нашудааст. Расонаҳои байналхалқӣ иттилоъ медиҳанд, ки ҳадди ақал аз 30 то 40 низомии нерӯҳои давлатӣ кушта ва даҳҳо тани дигар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG