Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи қатор дар Туркия 24 нафарро қурбон кард


Садамаи қатор дар Туркия. 8 июли соли 2018

Субҳи рӯзи душанбе дар Туркия як қатори мусофирбар ба садама дучор шуд. Ин қатор аз Туркия ба Юнону Булғористон ҳаракат мекард. Дастикам шаш вагон роҳи оҳан берун рафт.

Қатор 360 мусофир дошт. Бино ба хабарҳои охир, дар ин ҳодиса 24 мусофир кушта ва беш аз 70 тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар ҷои ҳодиса 100 мошини "Ёрии таъҷилӣ" равуо доранд ва мақомоти Туркия ҳамчунин чархболҳои наҷотдиҳандаро ба ин ҷо фиристодаанд.

Ба гуфтаи мақомот, вазъи номусоиди ҳаво боиси садама шудааст. Дар минтақаи садама борони шадид меборид ва роҳи оҳанро сел пур кардааст.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 22-уми октябри соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG