Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Даҳ сӯзанро ба тани Мудассир модараш ҷо кардааст. ВИДЕО


Мудассир Каримов пас аз ҷарроҳӣ
Мудассир Каримов пас аз ҷарроҳӣ

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои барқасдона ҷо кардани даҳ сӯзан дар бадани писари яксолааш - Мудассир Каримов - боздошт шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 7-уми июл дар баёнияи расмӣ гуфт, ин зани 26-сола ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст.

  • Талошҳои мо барои тамос бо хонаводаи Мудассир Каримов то ин вақт бенатиҷа буд. Аммо як манбаи огоҳ гуфт, ки модари Мудассир рӯзи ҷумъа ба бозпурсӣ даъват шуда буд.
Мудассир Каримов пас аз ҷарроҳӣ
Мудассир Каримов пас аз ҷарроҳӣ

​“Ӯ бо мақсади баргардондани ҳамсараш, марди 30-сола, аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 ҷисми бегона (сӯзанҳои металлӣ)-ро барқасдона ба узвҳои бадани писари яксолааш ворид намудааст. Дар натиҷа, мувофиқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - гуфта шудааст дар баёнияи ВКД.

Мақомот гуфтанд, нисбат ба ин зан бар асоси қисми яки моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" - парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Дар бадани тифли тоҷик 10 сӯзан ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Ҳафтаи ҷорӣ пизишкони бемористони Қарияи Боло дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар бадани Мудассир Каримов 10 сӯзанро ошкор кардаанд. Онҳо қотеона таъкид намуда буданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Табибон мегӯянд, агар кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ мебурд, меъдааш ҳатман осеб медид ва дар узвҳои ҳозима дар мемонд.

Хонаводааш низ аз чӣ гуна ворид шудани сӯзан ба тани кӯдак изҳори бехабарӣ карда буданд.

Ин сӯзанҳоро аз бадани Мудассир берун овардаанд
Ин сӯзанҳоро аз бадани Мудассир берун овардаанд

"Рентген" сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва ҷойҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кардааст. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун оварданд.

Ҳоло 4 сӯзани дигар дар ҷисми кӯдак боқӣ мондааст. Пизишкони шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона дар Қарияи Боло рӯзи 28-уми июн дар пайи муроҷиати волидон ба муоинаи Мудассир Каримови нӯҳмоҳа оғоз карданд. Ин сӯзанҳо, ба гуфтаи табибон, ҳадди ақал се моҳи пеш дар ҷисми кӯдак ҷой шудаанд.

Шуҳрат Чориев, мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона, рӯзи 3-юми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "бо сабаби тӯлонӣ будани ҷарроҳӣ ба сӯзанҳое, ки дар косахонаи сар ва шикамаш ҳаст, нарасидем. Чун якбора гузаронидани чанд ҷарроҳӣ имкон надорад."

Табибоне, ки тифли 9-моҳаро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, натиҷаи ташхиси Мудассир Каримов дар таҷрибаи кори онҳо бесобиқа буд. Ба қавли Шуҳрат Чориев, "ду донааш сӯзани дарздӯзӣ буд. Дутои дигараш нофаҳмо буд, яъне намедонем чӣ аст. Ду донаи дигар сӯзанпора. Нав нестанд, тӯлонӣ дар бадани кудак истода ва занг задаанд."

Тифли 9-моҳа Мудассир Каримов, сокини ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ва фарзанди дувуми хонавода аст. Махфират Ҳасанова, бибии кӯдак, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ин сӯзанҳоро як моҳи пеш замоне мушоҳида карданд, ки модари тифл ҳангоми хӯрок додан ба ӯ яке аз сӯзанҳоро дар милки дандон пайдо кардааст.

Айни чунин ҳодиса соли равон дар Узбекистон ба вуқуъ пайваст ва қазия то ба додгоҳ кашида шуд. Табибони узбек аз бадани тифли 11-моҳа дар вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзан пайдо карданд. Аммо дар Тоҷикистон чунин ҳодиса бенамуна аст, ё дар ҳар сурат расонаӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG