Пайвандҳои дастрасӣ

Аз порлумон хостанд, қарори Вазорати маорифро баррасӣ кунад


Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва як гурӯҳ вакилони дифоъ аз порлумони Тоҷикистон тақозо кардаанд, то қарори Вазорати маорифро дар мавриди сафари омӯзгорону донишҷӯён ба хориҷа баррасӣ намояд.

Муаллифони ин дархост мегӯянд, арзи худро аз болои қарори Вазорати маориф ба Додситонии кулл супоридаанд ва ҳоло мунтазиранд, ки порлумон ба дархости онҳо чӣ мегӯяд. Тибқи дастури нави Вазорати маориф ва илм, аз ин ба баъд омӯзгорону донишҷӯҳо, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик ҳаққ надоранд, бе иҷозаи мақомот ба сафари хидматӣ ва ё таҳсил ба хориҷа раванд.

Дархости намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз порлумон рӯзи 5-уми июл супорида шудааст. Зери ин нома беш аз 40 намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва вакилони дифоъ, аз ҷумла “Маркази ҳуқуқи инсон”, “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, “Шаҳрванд””, “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” ва ғайра имзо гузоштаанд.

Зоҳиран намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зиёд талош доранд то тасмими Вазорати маориф дар бораи маҳдуд кардани сафари омӯзгорон ва муҳассилин ба хориҷа бекор карда шавад. Чун ба қавли фаъолони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ин қарор ба Конситутсия ва санадҳои байналмилалӣ мухолифат дорад.

Аз ҷумла, ба қавли фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар қарори Вазорати маориф, талаботи як қатор меъёрҳои қонунгузории миллӣ, аз ҷумла моддаи 24-и Конститутсияи Тоҷикистон нақз шудааст. Ин модда муқаррар мекунад, ки "шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он, ҳуқуқ дорад."

Инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иддао доранд, ки қарори Вазорати маориф мухолиф ба муқарраротҳои Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ мебошад.

Вокуниши мақомоти Вазорати маориф ва илм дар робита ба иддаои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ феълан маълум нест. Аммо тартиби сафари омӯзгорону донишҷӯён, муҳаққиқон ва профессорони тоҷик аз сӯи Вазорати маориф ва илм моҳи феврал тасвиб шуда, ҷузъиёташ рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ дастрас гардид.

Тибқи ин санад, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, мудирони мактабҳо ва раисони донишгоҳҳо сафари худро ба хориҷа бояд бо ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа кунанд. Ин афрод масъуланд, ки 15 рӯз пеш аз рафтан ба берун аз кишвар, ҷузъиёти сафари худ, аз ҷумла хулосаи хаттии Вазорати умури хориҷиро пешниҳод кунанд.

Ин нахустин маҳдудияти Вазорати маориф ва илм дар роҳи сафари муҳассилин ва омӯзгорон барои рафтан ба хориҷа нест. Соли гузашта ин ниҳод баъзе аз созмонҳои мустақил, аз ҷумла Мултикид ва ТМ-International-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум кард. Дар ҳоли ҳозир асосан ниҳодҳои зертобеи Вазорати маориф, аз ҷумла Маркази барномаҳои байналмилалӣ ҳаққ доранд, ки ҷавононро барои таҳсил ба хориҷа фиристанд.

Видеоҳои охирин

Тақдими шаҳрвандии Русия осонтар мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:24 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG