Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҷонибдорони Қайсарӣ дар Форёб ба хушунат печид


Дувумин рӯзи тазоҳуроти ҷонибдорони Низомиддин Қайсарӣ дар шаҳри Маймана -- маркази вилояти Форёб, воқеъ дар шимоли Афғонистон, ба хушунат печид.

Ба гузориши хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ, тазоҳуркунандагон рӯзи 4-уми июл баъзе биноҳо, аз ҷумла бинои ҳукумати вилояти Форёбро ба оташ кашиданд. Шаҳри Маймана дар ҳоли ҳозир дар контроли нерӯҳои амниятии афғон аст.

Низомиддин Қайсарӣ намояндаи вижаи Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар шимоли он кишвар мебошад. Ӯ рӯзи 3-юми июл аз сӯи нерӯҳои амниятӣ боздошт ва барои таҳқиқот дар робита ба иттиҳомоте, ки ба ӯ ворид шудааст, ба Кобул интиқол дода шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ дар бемористони вилоятии Форёб, дар даргириҳои имрӯз миёни нерӯҳои амният ва тазоҳуркунандагон дар шаҳри Маймана як тан кушта ва шаш тани дигар захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG