Расонаҳои таблиғотии вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мегӯяд, ки писари Абубакри Бағдодӣ, раҳбари ин гурӯҳ дар ҷараёни ҷангҳо дар шаҳри Ҳимс (Ҳумс), воқеъ дар шарқи Сурия кушта шудааст. Шабакаи хабарии "Аъмоқ" рӯзи 3-юми июл гуфтааст, "Ҳузайфа Бадрӣ" дар ҷараёни амалиёт алайҳи нерӯҳои нусайрия ва Русия дар нерӯгоҳи Ҳимс кушта шудааст. Нусайрия номи дигар аст, ки барои пайравони мазҳаби алавӣ ё шиа гуфта мешавад ва дар ин хабари гурӯҳи ДИИШ манзур аз он нерӯҳои артиши Сурия аст.
Ҳамлаҳои артиши Сурия ва Русия аз як тараф ва ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико аз сӯи дигар сабаб шудааст то нуфуз ва ҳузури ДИИШ дар Сурия ба таври қобили мулоҳиза коҳиш пайдо кунад. Тибқи маълумоти ахир, гурӯҳе, ки як замон бахшҳои зиёдеро аз хоки Сурия таҳти контрол дошт, акнун танҳо 3 дарсади онро дар тасарруф дорад.
Дар зимистоне, ки гузашт, эътилофи байналмилалӣ алайҳи ДИИШ ба раҳбарии Амрико хабар дод, ки шумораи ҷангҷӯёни ин гурӯҳ, ки дар Ироқ ва Сурия боқӣ мондаанд, камтар аз 1000 нафар аст.
Амрико ва мақомҳои ироқӣ бар ин боваранд, ки раҳбари гурӯҳи ДИИШ зинда аст ва ҷое дар Сурия, наздикии марзи Ироқ сукунат дорад. Артиши Ироқ дар хоки Сурия ва дар наздикии марзи худ ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи гурӯҳи ДИИШ анҷом додааст.
Чанд моҳ қабл Ситоди муштараки артиши Ироқ эълом карда буд, дар ҳамлаи ҳавоӣ ба нишасти раҳбарони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Ҳаҷини Сурия, 45 тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла шуморе аз сарон ва фармондеҳони онро куштааст.
Абубакр Ал-Бағдодӣ, ки аслан ироқӣ аст, дар ҳоли ҳозир таҳти таъқиб аст ва Амрико барои ӯ 25 миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст. Бинобар гузоришҳо, ӯ аз ҳамсари нахустини худ чаҳор фарзанд ва аз ҳамсари дувумаш як фарзанд дорад.