Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Олмон Меркелро бо истеъфо таҳдид кард


Ҳорст Зеерҳофер ва Ангела Меркел
Ҳорст Зеерҳофер ва Ангела Меркел

Вазири дохилии Олмон ва раҳбари Иттиҳоди масеҳӣ ва сотсиалӣ Ҳорст Зеерҳофер гуфт, ки бинобар ихтилофи назар бо Меркел, дар робита ба сиёсати муҳоҷират, омодааст аз ҳарду мақом истеъфо диҳад. Дар ин бора хабаргузории Reuters ва DPA бо такя ба изҳороти ин сиёсатмадор хабар доданд.

Моҳи июн Зеерҳофер аз Меркел шадид шудани сиёсати муҳоҷират ва назорати бештар бар марзҳои Олмонро талаб кард. Ба гуфтаи Reuters, сарфи назар аз чораҳое, ки дар ҷаласаи ахир бо раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг шуд, раҳбари Иттиҳоди масеҳӣ ва сотсиалӣ роҳеро ба ҷуз берун кардани бахше аз муҳоҷирон аз Олмон намебинад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ин пешниҳодро қабул надорад. Меркел ин дархостро хилофи меъёрҳои паноҳҷӯӣ дар Аврупо ва беадолатӣ дар баробари кишварҳое мисли Италия ва Юнон медонад.

Ба гуфтаи Deutsche Welle, рӯзи дешанбеи 2 июл, Зееҳофер бо Меркел вориди музокирот мешавад. Натиҷаи ин нишаст ояндаи сиёсии Зееҳоферро муайян хоҳад кард.

Тасмими ин сиёсатмадор метавонад эътилофи ҳизбҳои Масеҳиву демократ ва Масеҳиву сотсиалиро, ки се моҳ пеш ба хотири аз байн бурдани бӯҳрони сиёсӣ дар Олмон таъсис ёфта буд, нобуд кунад.

Охири моҳи июн раҳбарони Иттиҳоди Аврупо чораҳои коҳиши ҷараёни паноҳандагонро ҳамоҳанг карданд. Аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо барнома дорад, барои паноҳандагон дар шимоли Африқо урдугоҳ ва барои онҳое, ки арзиҳояшон дар баррасӣ қарор дорад, дар дохили Иттиҳоди Аврупо лагерҳои пӯшида бунёд кунад.

XS
SM
MD
LG