Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Шарқи Дури Русия барои ҳаққи бознишастагӣ


Акс аз бойгонӣ

Садҳо нафар дар минтақаи Шарқи Дури Русия бо даъвати Алексей Навалний, пешвои мухолифони давлат ба зидди азми давлат барои боло бурдани синни бознишастагӣ тазоҳурот карданд.

Рӯзи 1-уми июл бештар аз 500 нафар дар шаҳри Биробидҷон, маркази маъмурии Минтақаи Худмухтори Яҳудиён ҷамъ омаданд. “Бознишастаи гурусна, мояи ҳиҷолати давлат аст”, “Пеш аз нафақа бимиред” аз шиорҳои тазоҳургарон буд. Онҳо аз мақомот мехостанд, қонун дар бораи боло бурдани синни бознишастагиро пас бигиранд.

Рӯзи 16-уми июн ҳукумати Русия ба порлумон қонунеро пешниҳод кард, ки бар асоси он бояд то соли 2028 мардҳо дар синни 65 солагӣ бознишаста шаванд. Ҳоло синни нафақаи мардҳо дар Русия 60 аст. Тарҳи қонуни нав ҳамчунин боло бурдани синни бознишастагии занон аз 55 то 63 солро пешбинӣ мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ахбори Озодӣ аз 17-уми августи соли 2018
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG