Пайвандҳои дастрасӣ

Миср шикасти тими миллиашро дар Ҷоми ҷаҳонӣ таҳқиқ мекунад


Муҳаммад Салоҳ ва Рамазон Қодиров дар Грозний

Мақомоти Миср сабабҳои шикасти ваҳшатноки тими миллии футбол дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2018-ро таҳқиқ мекунанд.

Тавре "Ал-Арабия" мегӯяд, кумитаи порлумон дар умури ҷавонон ва варзиш, аз ҷумла муайян хоҳад кард, ки чаро пойгоҳи тамринии мунтахаби Миср на дар марказҳои наздик ба бозӣ, балки дар Грозний – пойтахти Чеченистон – ҷойгир шуд.

Вакилони мисрӣ бовар доранд, ки маҳз ба ҳамин сабаб дастаи миллии футболи ин кишвар ба шикаст рӯ ба рӯ гардидааст.

Комиссияи тафтишотӣ, инчунин, мехоҳад мушаххас кунад, ки чаро ба пойгоҳи бозигарон ва меҳмонхонаи онҳо тоҷирон ва ҳунармандон роҳ ёфтанд.

Вакилони порлумони Миср иштироки нимҳимоятгар Муҳаммад Салоҳ дар зиёфати Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон ва тақдими унвони шаҳрванди фахрии он кишвар ба ӯро баррасӣ хоҳанд кард.

Қаблан телевизиони CNN хабар дод, ки Салоҳ мехоҳад ӯро дар сиёсат истифода накунанд ва бо ин ҳадаф ният дорад, аз тими мунтахаб биравад.

Дастаи миллии Миср дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 се бозиро ба дастаҳои Уругвай, Русия ва Арабистони Саудӣ бохт ва аз иштирок дар даврҳои баъдӣ маҳрум шуд.

Видеоҳои охирин

Путин куштори Керчро ҷиноят номид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG