Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин бо Болтон дар Кремлин баргузор мешавад


Ҷон Болтон
Ҷон Болтон

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе бо Ҷон Болтон, ёвари президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ мулоқот мекунад. Дар ин бора сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков ба хабарнигорон маълумот дод.

Ӯ гуфт, ки ёвари президенти ИМА имрӯз дар Маскав бо вазири умури хориҷӣ Сергей Лавров, ёвари президент Юрий Ушаков, ва раҳбари Шӯрои амнияти Русия мулоқот анҷом медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мавзӯи аслии музокироти Болтон бо Маскав омодагӣ ба саммити ИМА ва Русия аст, ки эҳтимолан ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.. Матраҳ шудани ин мавзӯъ дар мулоқотро Гаретт Маркӣ, намояндаи Шӯрои амнияти миллии ИМА, дар "Твиттер" тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG