Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА Туркияро аз ҳамкории низомӣ бо Русия бозмедорад


Ҳавопаймоҳои забарзани ИМА

Агар Анқара аз тасмими худ барои дарёфти маҷмааи зиддимушакии С-400-и Русия даст накашад, интиқоли ҳавопаймои зарбазани амрикоии Ф-35 ба Туркия зери суол қарор хоҳад гирифт.

Дар ин бора муовини котиби давлатии ИМА Уэсс Митчел дар ҷаласаи Сенат иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин ба тарҳи қонуне истинод кард, ки алайҳи ширкатҳо барои ҳамкорӣ бо маҷмааи саноативу низомии Русия таҳримро пешбинӣ мекунад.

Муносибатҳои Вашингтон ва Анқара вақтҳои ахир ба далели ихтилофи назарҳо дар робита ба масъалаи Сурия ва боздошти даҳҳо шаҳрванди Амрико, аз ҷумла Эндрю Брансон бо ҷурми терроризм бад шуданд.

Митчел ҳамчунин афзуд, ки Туркия дар муборизаҳо зидди ҷангиёни гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" "шарики калидӣ"-и ИМА аст. Президенти ИМА Доналд Трамп низ рӯзи сешанбе президенти Туркияро барои пирӯзияш дар интихобот табрик гуфт.

ИМА ҳамчунин ба Ҳиндустон пешниҳод кардааст, ки агар аз харидории маҷмааи зиддимушакии С-400-и Русия даст кашад, ба Деҳлӣ маҷмааи зиддимушакии амрикоии THAAD хоҳад дод.

Видеоҳои охирин

Вокс-поп: "Болоравии нархи сим-корт бар зарари кисаи мардум аст"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:20 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG